Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳар киро душман пеш аст, агар накушад, душмани хеш аст.
Саъдии Шерозӣ

Душман ба лутф дўст нагардад, балки тамаъ зиёда кунад.
Саъдии Шерозӣ

Сари душман равон аз тан ҷудо кун,
Вагарна, рав, сари худро фидо кун!
Бадриддин Ҳилолӣ

Бар сари хасм агар зафар ёбӣ,
Он чи мақсуди туст, дарёбӣ.
Абдураҳмони Мушфиқӣ

Аз душман уммедворӣ хатост.
Шамсиддини Шоҳин

Мезанад хасм туро, гар ки ту ўро назанӣ,
Меканад решаат, ар решаи ўро наканӣ.
Абулқосим Лоҳутӣ

Дар кори хасм хуфта набошӣ ба ҳеч ҳол,
Зеро чароғи дузд бувад хоби посбон.
«Калила ва Димна»

Чашми душман ҳама бар айб афтад.
«Кимиёи саодат»

Чун лаҷуҷе дар миён пайдо шавад,
Банда аз шумии ў расво шавад.


Душмани хурд аст балои бузург,
Ғафлат аз ў ҳаст хатои бузург.


Чу тоби ҳамлаи душман надорӣ,
Ҳамон беҳ, ки ба чашми ў натобӣ.


Ҳоҷати худро махоҳ аз душманон,
З-ин батар хорӣ набошад дар ҷаҳон.


Хешро аз назди душман дур дор,
Ёри нодонро зи худ маҳҷур дор!


Душмане дорӣ, аз ў эмин мабош,
Зери сақфи бесутун сокин мабош!


Душманат гар пашша бошад, камтар аз филаш мадон!


Душманон се фирқаанд: душман ва душмани дўст ва
дўсти душман.


Гург бо гўсфанд ошноӣ надорад.


Аз душман ғофил мабош!

пешина
аз 331
навбатӣ