Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
- Марги тирмор
Рӯзе ман ҳамроҳи падарам ба хонаи як шиносамон, ки дар деҳаи Мӯминобод истиқомат мекард, ба меҳмонӣ рафтем. Ин деҳа дар доманаи кӯҳи баланд воқеъ гардида, сар то сараш токзор мебошад.
Вақти дарави гандум буд. Падарам дар саҳро будани шиносамонро фаҳмида, ба ман гуфтанд:
- Ба назди шиносамон меравем, вай дар ҳамин наздикӣ...
Модари шиносамон зани тақрибан шаступанҷсолаи миёнақаде буд ва ҳанӯз худро хуб ҳис мекард. Ман ин пиразанро ягон бор ҳам бекор надида будам. Ӯ ба сарзаниши келин ва писараш эътибор надода, тамоми рӯз бо кору бори хона машғул мегашт. Вай барои даравгарон оши утро ва нон пухта буд.
Нонҳои пухтагии пиразан беҳад тунук ва паҳниашон ғалбер барин буд. Падарам як сабад нонро ба дастурхони нави калоне печонида ва ба болои сарашон бардошта гуфтанд:
- Аз харбузаҳои овардгиамон дутоашро гирифта, аз паси ман омадан гир.
Боғи шиносамон дар нишебӣ воқеъ гардида, атрофаш бо гилу санг як қади одам девор гирифта шуда буд. Он рӯз ҳаво хеле гарм буд. Мо қад-қади девор торафт баландтар баромада рафтем. Падарам, ки пеш-пеш рафта истода буданд, гоҳ-гоҳ ба ақиб нигариста, мепурсиданд:
- Монда нашудӣ? Ё ки:
- Харбузаҳо вазнинӣ намекунанд?
Кӯтал нав тамом шуда истода буд, ки гӯё, ки садои номаълуме ба гӯшам расида. Ба атроф назар карда гирифтам. Як навдаи дарахте, ки дар паси девор буд, меҷунбид. Паррандае моро дида, парида рафтааст, - аз дил гузарондам ва аз ин ваҷҳ ба падарам чизе

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё