Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

медонист, ки мори афсун кардашуда заҳр зада наметавонад. Бинобар он вай қуттиро ба офтобрӯя бурда монд ва сарпӯши онро нав бардошта истода буд, ки мор ба дасташ заҳр зад. Аҳмад сарпӯши қуттиро зуд пӯшиду ба нолиш даромад. Бо фармоиши калонсолон ман зуд ба хонаи Устохайрулло рафтам ва пирамардро аз воқеа огоҳ намудам.

Устохайрулло, баръакси пиндошти ман, қоҳ-қоҳ зада хандид, саросема нашуда, чои пиёларо нӯшид, баъд ҳамёза кашида гуфт:

  • Рафтем, писар.

Ман дар роҳ аз забони Устохайрулло фаҳмидам, ки морбозон, пеш аз ба шогирдонашон омӯзонидани ҳунари худ, аввал иродаи онҳоро месанҷидаанд. Устохайрулло низ ҳамин тавр карда будааст: вай морро аз зери таъсири афсун бароварда ва химчакӯб карда, сарпӯши қуттиро пӯшонда будааст. Вақте ки Аҳмад қуттиро кушодааст, мори багазабомада ба дасти ӯ заҳр задааст.

Устохайрулло Аҳмадро табобат карда, баъди якчанд рӯз пурсид:

  • Кани акнун гӯӣ: морбоз мешавӣ? Аҳмад табассум карда, узр хост:
  • Бубахшед, усто ин кор мувофиқи ман набудааст.
пешина
аз 349
навбатӣ