Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
Устошароф ҳам ана дар ҳамин деҳа зиндагонӣ мекард. Устошароф ба таёқ такя карда, каме дам гирифтанӣ шуд. Дар ҳамин вақт аз куҷое ду гург ҳозир шуданд. Устошароф зуд ба болои ягона дарахте, ки дар он ҷо буд, баромад ва бо тамоми овоз «Ҳ-о-к-а!» — гӯён фарёд кард. Ин номи саги ӯ буд.
Одатан гургҳо дар зимистон аз ҳарвақта дида ваҳшитар мешаванд ва аз марги худ натарсида, ба душманашон ҳамла мекунанд. Ин гургҳо ҳам дар атрофи дарахт давр зада, ҳар лаҳза бо чашмони гурусна ба Устошароф менигаристанд ва уллос мекашиданд. Уллоскашии гургҳо ҳаминро мефаҳмонд, ки онҳо барои ёрӣ гургони дигарро фарёд мезананд. Устошароф инро ҳис карда, беист сагашро фарёд кардан гирифт.
Дере нагузашта Хока расида омад ва соҳибашро дар вазъияти бад дида, ба гургон ҳамла кард. Вай пои гургро шикаст ва дигареро аз гулӯяш гирифта буғӣ карда кушт. Танҳо пас аз ин Устошароф аз болои дарахт фаромад.
Онҳо ду-се қадам нагузошта, се гурги дигар пайдо шуданд. Хока як худаш ба муқобили се тан ба ҷанг даромада, дам ин ва дам он гургро бо китф зада

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё