Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
Деҳае, ки Устошароф зиндагонӣ мекард, аз мо дар масофаи тақрибан ҳаждаҳ километр, дар доманаи кӯҳи баланд воқеъ гардида буд. Ӯро барои таъмир кардани санги осиё, ки дар ҳаёти деҳотиён аҳамияти калон дорад, ба деҳаи мо даъват кардаанд. Вай қарибиҳои нисфирӯзӣ ба деҳа омада, санги осиёро дуруст кардааст ва боз ба деҳаи худаш рафтанӣ шудааст.
-
Рӯзҳои зимистон кӯтоҳ аст, ана-мана нагуфта шаб мешавад, - гуфтаанд ба ӯ ҳамдеҳотиёни ман, - беҳтараш шаб дар ҳамин ҷо хоб карда, пагоҳӣ ба хонаатон равед.
-
Шабҳои зимистон равшан аст, - ҷавоб додааст
Устошароф, - як навъ карда меравам.
Вай таёқеро ба даст гирифта, бо роҳи асосие, ки мардум рафтуой мекарданд, нарафтаасту рост ба кӯҳ баромадааст. Рост, ки роҳро миёнбур карда, аз кӯҳ гузашта рафтан наздиктар аст, аммо на дар шаби зимистони қаҳратун. Инро ба Устошароф гуфтаанд, вале вай бепарвоёна ҷавоб додааст: «Ин бори аввал не».
Якравии натиҷаи беандешагӣ аст. Беандешагӣ бошад, касро ба ногувориҳо ва баъзан ба бадбахтӣ оварда мерасонад, мегӯянд одамони оқил. Якравии Устошароф низ бо бадбахтӣ анҷом ёфтааст.
Воқеа ин тавр рӯй додааст. - Ҳаво хеле хунук буд, беист барф меборид ва шамоли тунду тез онро печу тоб дода, ба рӯи Устошароф мезад. Ҳар лаҳза пои ӯ то зону ба барф ғӯтида мерафт ва роҳгардиаш душвортар мешуд.
Вай аз якравӣ ва маҳз ҳамин роҳро интихоб карданаш пушаймон шуд, лекин пушаймонӣ акнун суд надошт. Роҳ нисф шуда, ҳоло ба кадом тарафе ки наравад, баробар буд. Хуллас, Устошароф ба роҳаш давом намуда, ниҳоят ба қуллаи кӯҳ расида гирифт.
Агар кас аз ин ҷо ба поён назар кунад, дараи бениҳоят чуқур ва дар он тараф, дар доманаи кӯҳ, деҳае ба назар менамояд, ки онро Аршӣ меноманд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё