Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Ту аз ман чӣ мехоҳӣ?
  • Эҳе, хурӯси ҷангара барин-е, - хандид Сабур. - Як куку-у ҳам гуфта мон.
    Олимҷон худдорӣ карда натавониста хандид. Низом боз бадқаҳртар шуд ва аз гиребони Сабур гирифтанӣ буд, ки Шодмон ба миёна даромад.
  • Ин корат хуб не! - гуфт вай ба Низом. - Сабур ҳазл кард.
  • Куҷои ин ҳазл? - гуфт Низом аз ҷаҳл фаромада.
  • Ана, бин, Олим ҳанӯз механдад.
    Олимҷон баҷаи боодоб ва хушфеъл буд, вале дар мавриди шунидани ягон гапи аҷоиб худро нигоҳ дошта наметавонист. Ҳозир гардан дароз карда пеш омадани Низом, ки дар ҳақиқат хурӯси ҷангараро ба хотир меовард ва бо як оҳанги ғалати «ку-ку-у» гуфтани Сабур ба ӯ хандаовар намуд. Вай худдорӣ карда натавониста, хандида фиристод.
  • Ором шав, Олимҷон, - хитоб кард Шодмон ва рӯяшро боз ба Низом гардонд. - Дигарҳо кӯшиш мекунанд, ки пешрав шаванд, шарафи синф ва мактабро баланд бардоранд. Аммо ба ту чӣ шуда бошад, ки дар вақтҳои охир дарсҳоро тамоман тайёр намекунӣ.
    Низом гап намезад. Олимҷон бошад, акнун намехандид ва бо Низом дурусттар гапзанон карданӣ буд. Зеро вай узви шӯрои отряд буд ва дар рафтори нодурусти Низом гуноҳи худро низ медид. «Айби Шодмон, айби ман, - мегузаронд аз дил. - Фақат дар бораи худамон ғамхорӣ кардему аз паи Низом нашудем».
    Дар ҳамин вақт дари клуб боз шуда, ғайричашмдошти ҳозирон Исроилов даромада омад.
    Муаллими куҳансол ба назди бачаҳо омада, хушҳолона пурсупос кард. Баъд аз бемории якҳафта камтар ранги рӯяш парида буд ва овозаш хира мебаромад, ки инро бачагон зуд мушоҳида карданд. Фақат Низом, ки нуки кафши пои росташро ба фарши тахтагин месоид,
пешина
аз 349
навбатӣ