Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хонданшуда буд, вале торафт танг шуда истода, вазъияташ ӯро ноором мекард. Вай дар гашти шонздаҳум мот шуд.
- Ҳамин қадар қудрат доштию боз забонат ин қадар дароз, - Сабур писханд зад ва аз ҷояш хеста рафтани шуд.
Низом ҷавоб надод. Ба вай ҳаминаш алам мекард, ки чӣ қадар ташвиш кашида ба мактаб омад, дар ин ҷо хеле вақт Сабурро интизор шуд, вале ҳозир бой доданашро ҳатто худаш нафаҳмида монд. «Таклиф кунам, бори дигар бозӣ мекарда бошад?» - аз дил гузаронд Низом ва Сабурро фарёд карданӣ буд, ки ба клуб ду писарбача даромада омаданд. Бачай сафедрӯи мӯйҳояш малла Олимҷон ном дошт. Дуюмин, ки назар ба Олимҷон камтар қадбаланд менамуд ва чашмони калони сиёҳ дошт, раиси шӯро Шодмон буд.
Шодмон лаҳзае хомӯш истода, чашм ба Низову Сабур дӯхт. Сабур дар нигоҳи тези чашмони сиёҳи вай аломати норозигиро пай бурда, аввалин шуда пурсид: - Низом ҳамсинфи ту-а, Шодмон? - чашмак зад Сабур. - Аз номи тамоми синф сари таслим хам кард, муборакбод кардан мумкин.
Ин киноя, ки асосан ба Низом гуфта шуда буд, ба Шодмон сахт расид. Вай аз Сабур хафа шуд. - Шарм надошта забондарозӣ ҳам мекунӣ, - гуфт Шодмон оташин шуда. - Агар ман ба ҷои ту мешудам, таклиф мекардам, ки Низом ҳамроҳам нишаста дарс тайёр кунад.
- Дар синфи шашуми «Б» фақат Низом бад мехонад! - илова кард Олимҷон.
- Танбалӣ накарда кӯшиш кунад-дия, - гуфт Сабур бепарвоёна.
- Низом танбал не, - гуфт Шодмон бо овози ғафси худ, гапи Сабурро бурида. - Вай аълочӣ буд... кӯшиш кунад, аз ту хубтар мехонад. Танбал гуфтани Сабур ба Низом сахт расид. Вай бо қаҳр аз ҷояш хест ва гардани дарози худро ба пеш ёзонда, гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё