Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
дар чеҳраи муаллими куҳансол ягон дигаргуние надод, зеро ӯ гунаҳкорона сар хам карда буд. «Акнун тамом, - мегуфт вай дар дил, - ба даст афтодам». Сабур бошад, худ ба худ «Муаллим боб карда сабақашро медиҳанд» мегуфт ва аз Шодмону Олимҷон дуртар истода, гоҳ ба Исроилов ва гоҳ ба Низом нигоҳ мекард.
Исроилов баъди андак хомӯшӣ аз паси шишаҳои айнаки худ ба Низом як нигоҳ карду дастонашро ба китфи ӯ гузошта, бо табассум пурсид:
- Ҳар дуямон як бозӣ кунем-чӣ, ман ҳам дӯстдори шоҳмот, вале аз бемор шуданам ин ҷониб бозӣ накардаам.
Низом ин таклифро киноя пиндошта, ҷавоб надод. Исроилов ба курсӣ нишаст, пиёда ва савораҳои сафедро, ки бо онҳо чанде пеш Низом бозӣ карда буд, бо як оромии ба худаш хос ба рӯи тахта чидан гирифт. Шодмон ин кори муаллимро дида, ба Олимҷон рӯ овард ва бо тааҷҷуб китфҳояшро дарҳам кашид.
Дар лабони муаллими куҳансол боз табассуми хушҳолона ҳувайдо шуд:
- Канӣ, марҳамат!
Низом дудила шуд ва фақат баъд аз он, ки Исроилов бори дигар ба ӯ назар кард, ноилоҷ ба курсӣ нишаста, пиёда ва савораҳои сиёҳро ба рӯи тахта чид.
- Ана, мо гаштем, - Исроилов пиёдаи марказиро ронд.
Инро Низом ҳам такрор кард, вале бе ҳеҷ як фикр ва хоҳиш. Вайро ҳамчун рафиқонаш он чиз ба ҳайрат овард, ки Исроилов ба ҷои сарзаниш бо ӯ шоҳмот бозӣ карда истодааст. Боз ин муаллим чӣ мехост, ӯ сарфаҳм рафта наметавонист. Мумкин аст Исроилов бозиро бурда, гӯяд, ки алгебра фикри одамро васеъ мекунад, дӯстдорони шоҳмот бояд ин фанро нағз омӯзанд. Ё барои фиреб додани кас камтар дурӯғ-дурӯғдона меронаду баъд тахтаи шоҳмотро ба як тараф гузошта, гапро аз дигар ҷо аз наздик омадани имтиҳон ва бадхоҳии ӯ сар мекунад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё