Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Рӯзе бегоҳ падараш аз Шамсӣ ранҷида гуфта буд:

  • Акнун, писарам, ту бачай хурдакак нестӣ, дар синфи 4-ум мехонӣ ва хубу бадро аз якдигар фарқ карда метавонӣ. Аз ин маълум мешавад, ки ту бачай боақл ҳастӣ. Вале як кори ту ба ман маъқул нест: вақте ки ҷӯраҳоят дар хона нишаста дарс тайёр мекунанд, ту дар кӯчаҳо бо бозиҳои беҳуда машғул мешавӣ. Метарсам, ки дар охир имтиҳон супорида наметавонӣ ва маро дар назди мардум шармсор менамой. Охир ман ба одамон «Писарам бачай боақл аст, нағз мехонад», гуфта туро таърифу тавсиф карда гаштаам.

  • Минбаъд ман мехонам, - ҷавоб дода буд он вақт Шамсӣ. - Ана мебинед, имтиҳонҳоро бо баҳои камаш «4» месупорам.

«Ана, имтиҳон ҳам супурдам», акнун худ ба худ ғамгинона мегуфт Шамсӣ. - Падарам чӣ мегӯянд?».

  • Шамсӣ ба ин савол ҷавобе ёфта натавонист. Дар ҳамин вақт хониши кабк ба гӯш расид: «Қа-қақар, қа-қақар, қа-қақар, қа-қақар».

  • «Вай ё ташна аст ё гурусна», - аз дил гузаронд Шамсӣ ва қафасро аз шохи дарахти себ гирифта, ба замин гузошт ва ба як косачаи кабк об, ба косачаи дигараш дон рехт. Вай қафасро боз ба шохи дарахт овехтани шуда, онро аз замин бардоштанӣ шуд, ки ба ҳавлӣ падараш даромада омад.

  • Кабк ба дилам зад, гуфта будӣ-ку! - гуфт падараш асбобу қисмҳои сангтароширо ба токҷаи айвон гузошта.

  • Модарат наомадааст?

  • Не, дадаҷон, - ҷавоб дод Шамсӣ, қафасро ба шохи дарахт овехта. - Чӣ, гурусна мондед-ми? Ҳозир ман - алав даргиронаму ошро гарм мекунам.

Шамсӣ мунтазири ҷавоб нашуда, зуд гӯгирд ёфта, ба таги дег ҳезуми хушк гузошт ва алав даргиронд.

пешина
аз 349
навбатӣ