Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
Вай бо умеди он, ки шояд саволи осон афтода монад, худро дилдорӣ дода, ба синф даромад. Лекин ин фикри Шамсӣ пуч баромад: вай баҳои «2» гирифт.
Имтиҳон дар синфи чорум кайҳо ба охир расид ва ҳама пароканда шуда рафтанд. Танҳо Шамсӣ дар як кунҷи ҳавлии мактаб, дар таги дарахти ақоқиё маҳзуну ҳайрон нишаста, дар бораи он ки ба падараш чӣ ҷавоб медиҳад, фикр мекард. Баногоҳ касе аз китфи ӯ дошт ва Шамсӣ як қад парид. Ин Қодирзода буд.
- Як худат дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ?
Дар ин дақиқа Шамсии логарбадан боз харобтар менамуд.
-
Рафиқ... муаллим... - Шамсӣ ба зӯр овоз баровард. Ба Қодирзода чунин намуд, ки Шамсӣ ҳамин лаҳза гиря мекунад. Ба вай раҳми муаллим омад. Ӯ меҳрубонона сари Шамсиро сила карда гуфт:
-
Дар ҳама кор сабру тоқат даркор. Аммо ту ба дарс тайёр кардан сабру тоқат надоштӣ ва дар натиҷа ба имтиҳони тирамоҳӣ мондӣ. Ҳоло ҳам чора ҳаст: агар нағз тайёрӣ бинӣ, имтиҳон супорида метавонӣ. Беҳтараш, фардо ба назди ман биё, чӣ кор карданатро ҳамроҳ фикр карда мебароем.
Шамсӣ ба муаллим: «Хуб, раҳмат» гуфту бо хотири парешон ба хона баргашт.
Дар хона касе набуд. Падараш дар канори дарёи тезҷараёне, ки аз байни деҳа шаввосзанон ҷорӣ мешуд, санги осиёб метарошид. Модараш дар саҳро буд. Вай ҳамроҳи аъзоёни звенои худ пахтаи нав аз замин неш зада баромадаро ягона мекард. Шамсӣ муддате чӣ кор карданашро надониста ба фикру хаёл афтод. Чӣ бояд кард? Шикамаш гурусна, вале аз гулӯ чизе намегузарад.
Усто Нодир барои фарзанди худ ҳеҷ чизро дареғ намедошт. Камон гӯяд - камон, дучарха гӯяд - дучарха харида медод, саҳба ва ё кабк ёфта диҳед гӯяд - аз ҳар куҷое набошад, пирамард илоҷе карда парранда ёфта медод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё