Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

МАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ М. ШАРҚӢ

Зикри хайр.
Мустафо Шарқӣ - нависандаи
бачаҳо ва рӯзноманигор

Мустафо Шарқӣ аз зумраи соҳибқаламони Қаратоғи бостонӣ буда, дар умри на он қадар зиёди хеш барои бачаҳо асарҳо эҷод намудааст. Агар ба тарҷумаи ҳолаш назар афканем, 11 октябри соли 1920 дар оилаи косиб-бофанда ба дунё омадааст. Падараш Усто Назари обчоқ дар бофандӣ маҳорати хубе дошт.
Соҳиби ду фарзанд буд. Якеаш Мустафоқул ном дошту дигаре Санавбар.

М. Шарқӣ сароғоз дар мактаб-парваришгоҳи Қаратоғ, сипас дар мактаби деҳа таҳсил намуд. Соли 1936 ба техникуми саноатии шаҳри Душанбе дохил шуд. Ҳангоми донишҷӯӣ истеъдоди нависандагӣ дар дилаш ҷӯш зад. Баъди хатми техникум (соли 1938) кори эҷодиро пеш гирифт. Дар рӯзномаи ноҳиявии Норак котиби масъул шуда кор кард. Соли 1940 ба сафи қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС даъват гардид. Чун Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз ёфт, дар ҳайати қӯшунҳои артиллерии бар зидди фашистони лаин мубориза бурд.
Дар набардҳои Калинин, камонаки Курск ва Сталининград иштирок намуд ва то мағлубияти Германии фашистӣ роҳи ҷангиашро идома дод.

Баъди ҷанг ба Тоҷикистони азизаш баргашт. Боз ба рӯзноманигорӣ шурӯъ намуд. Дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ва маҷаллаҳои бачагона кор кард. Бо фаъолияти хуби эҷодӣ ва асарҳои офаридаи бачагонааш ба узвияти Иттифоқи нависандагони ИҶШС дохил шуд. Дар воқеъ Мустафо Шарқӣ муаллифи маҷмӯаҳои ҳикояҳои бачагона «Ҷӯраҳо» (1958), «Ёдамчии бобо» (1961), «Одам ва шер» (1961) ва «Кабутари сулҳ» мебошад.

пешина
аз 349
навбатӣ