Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Соли 1969 бошад, ӯ китоби «Очеркҳо ва ҳикояҳо» ва «Меҳри модар»-ро ба хонандагонаш пешкаш намуд. Соли 1975 маҷмӯаи «Ҳикояҳо» ва соли 1978 повести «Таркиши охирин»-ро иншо намуд. Чандин асарҳояш бо забони русӣ дар шаҳрҳои Маскав, Боку, Фрунзе (ҳоло Бишкек) ва Душанбе тарҷума шудаанд. Асосан мавзӯи асарҳои офаридаи ӯ меҳру муҳаббат ба Ватан-Модар, одаму одамият буда, хонандаро ба ваҷд меорад.

...Ин марди адиб дар синни бистуҳаштсолагӣ бо духтари оқилаву русзабон Ираида Андреевна Юр-кова хонадор шуд. Аз ӯ писару ду духтар дид. Завҷаи меҳрубонаш соли 1980 дар синни 55-солагӣ олами равшанро падруд гуфт. Писараш - Матлаб низ дар синни 35-солагӣ ҷавонмарг шуд. Билохир, марги нобаҳангом ва шум 5 октябри соли 1985 гиребони адиби шинохтаи бачаҳо М. Шарқиро гирифт. Ӯро дар зодгоҳаш - Қаратоғ дафн намуданд.

Алҳол духтари калонии адиб - Светлана муқими шаҳри Душанбест. Олима, дотсенти кафедраи бемориҳои дарунии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон. Духтари дуюмаш Галина рӯзноманигори варзида...

22 майи соли равон тибқи қарори ҷамоати Қаратоғ ба яке аз кӯчаҳои деҳаи Қаратоғ номи нависандаи бачаҳо - Мустафо Шарқӣ гузошта шуд. Аз ин кори хайр қаратоғиён хеле шоданд. Ва имрӯзҳо баҳри ободу зебо гардондани кӯчаи адиби суханвар талошҳо доранд. Инчунин эшон дар ҷаҳди онанд, ки 11 октябри соли ҷорӣ рӯзи ёдбуди нависандаро бо эҳтироми баланд ва пурмазмун гузаронанд.

Лозим ба ёдоварист дар Осорхонаи ба номи М. Турсунзода, ки дар деҳа воқест, бахшида ба ёдбуди М. Шарқӣ як қатор чорабиниҳо гузаронда шуд. Инчунин намунаҳои осори адабии адиб ва чандин маводҳои мансуб ба нависанда, ба монандӣ шим, ордену медално, намунаи китобҳо, мизу қаламдон,

пешина
аз 349
навбатӣ