Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

ҷамъ шуда, шеъргӯӣ ва шеърхонӣ мекарданд. Як бачаи лӯндаи чашму абрӯсиёҳ ба дар такя карда, бо овози баланд мехонд:

Кӯдаке мегашт бо қуттии худ,
Дар хиёбони лаби баҳри кабуд...

М. Турсунзода ба хонандагони хурдтараки худ дар бораи ҳаёти гузаштаи бачагони бадбахти Тоҷикистони пешазинкилобӣ ва ҳаёти ҳозираи пуразоби бачагони кишварҳои мустамликавӣ ва капиталистӣ нақл карда, сониян аз ғамхории Партияи Коммунистӣ ва Ҳукумати Шӯравӣ, ки ҳар доим дар ҳаққи насли наврас зоҳир менамояд, сухан ронд.

Бале, насли навраси мо дар ҷаҳон аз ҳама хушбахттарин аст. Барои ин дар кишвар тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Барои ҳамин ҳам бачагони мо солим, меҳнатдӯст, зираку чолоканд ва агар лозим ояд, барои манфиати мардум ва ватани маҳбуби худ ҷонашонро ҳам нисор мекунанд. Дар кишвари мо, ки онро Ватани қаҳрамонон номем ҳам саҳв намекунем, дар давоми солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ аз байни писару духтарони наврас қаҳрамонҳое баромадаанд, ки номи онҳо дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои зарҳалӣ навишта шудааст. Бинобар он нависандагон барои офаридани асарҳое мекушанд, ки дар онҳо ҳақиқатан ҳам образи бачагони ҷасуру кордони даврони мо таҷассум ёбад.

Бачагон баромади Мирзо Турсунзодаро бо мароқи калон гӯш карданд. Сониян онҳо ба меҳмонони азизи худ - Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Василий Кириллов албом, чорчӯбаи нақшу нигорин ва дигар маводҳои дастсохтро, ки маҳсули меҳнати дастони худашон буд, тӯҳфа карданд.

Дар кори муташаккилона гузаронидани ҳафтаи адабиёти бачагона фаъолият ва ташаббуси кори кормандони комсомол рафиқон В. Собитова, А. Рыбалкина, К. Воробьеваро махсус қайд кардан зарур аст.

Қаҳрамонони асарҳое, ки дар ҳамин солҳои наздик бояд нависандагон эҷод намоянд, ҳамроҳи бародарому хоҳарон ва падару модарони худ дар сохтмони азамати Неругоҳи барқи обии Норак, заминҳои навкушодаи ноҳияҳои Мастчоҳ, Хуҷанд, дашти Мирзочӯл, инчунин дар ободонии деҳоту шаҳрҳо ва дигар корҳои наҷиби одамони шӯравӣ иштирок карда, корнамоиҳо нишон хоҳанд дод. Бинобар он мо метавонем, аз ҳозир дилпурона гӯем, ки дар оянда ҳафтаҳои адабиёти бачагона боз ҳам шавқовару пурмазмунтар хоҳанд гузашт.

М. Шарқӣ.
«Маориф ва маданият», 4 апрели соли 1961.

пешина
аз 349
навбатӣ