Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Нависандагон вохӯрдан ва сӯҳбат карданро бо хонандагони сершумори худ шарафи бузург медонанд. Онҳо ҳар як калима, ҳар як сухани кӯдакро дар гӯш гирифта, мақсади ӯро фаҳмиданӣ мешаванд... Баъди яке аз вохӯриҳо кадоме аз нависандагони ҷавон гуфт: «Барои бачагон бисёртар навиштан зарур будааст. Инро ҳозир фаҳмидам». Нависандаи дигар Ғаффор Мирзо бошад, бо нутқи пурҳарорат диққати ҳозиронро ба худ ҷалб намуда, дар як ҷо «Сангодавак» ё «Дастак»-ро хонда диҳад, дар ҷои дигар достончаи наваш «Афсонаи се сана, се мурғи дари хона»-ро хонда медод. Ва дар як вақт ба даҳҳо чашми софу равшан, чеҳраҳои шукуфон ва лабони пурхандаи бачаҳо зеҳн монда, худаш ҳам баробари онҳо завқ карда механдид. Шоир ҳис мекард, ки бачагон шеърҳояшро нағз мефаҳманд ва аз мақсадаш пай мебаранд. Магар ин барои муаллиф хурсандибахш нест?

Ҳанӯз пеш аз сар шудани ҳафтаи адабиёт шоиру нависандагон ба гурӯҳҳо тақсим шуда, ба ҷамъомадҳои хонандагони худ рафтанд, дар назди онҳо бо нутқ ва шеърҳо баромад карданд. Махсусан ин вохӯриҳо, ки дар онҳо шоирони маъруфи тоҷик Ҷоизадори Мукофоти ленинӣ Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, шоиру нависандагони боистеъдоди ҷавон Ғаффор Мирзо, П. Толис, Мӯъмин Қаноат иштирок доштанд, бо ҷӯшу хурӯш гузаштаанд. Хонандагон шоиру нависандаи рус Клавдия Улуғзода, Василий КириллОВ, Константин Лагунов ва Владимир Жуковскийро низ самимона қабул карданд.

Хонандагони мактаби миёнаи рақами 7-и шаҳри Сталинобод вохӯрии худро бо шоирон Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода, ки бегоҳии 22 март барпо гардида буд, хеле вақт фаромӯш нахоҳанд кард... Ҳанӯз меҳмонон наомада буданд, лекин мактаббачагон дар роҳрав, дами дарҳо ва клубу синфҳо

пешина
аз 349
навбатӣ