Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
ҳамин тавр карданд. Чӣ тавре ки дар табрикномаи Кумитаи Марказии Партияи Коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ ба анҷумани дуввуми Умумииттифоқии нависандагони шӯравӣ гуфта шудааст: «болоравии пурҷӯшу хурӯши иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷамоҳири шӯравӣ ба гулгулшукуфоии адабиёти миллатҳои ИҶШС оварда расонд. Рушд ва дуҷониба пурбаҳо гардидани адабиёти миллатҳо дар натиҷаи ҳамкориҳои зичи нависандагони ҳамаи ҷумҳуриҳои бародари ба амал омада истодааст. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ адабиёти бадеии бисёрмиллати дорои аҳамияти бузурги таърихӣ, ки ғояҳои пешқадами замони моро таҷассум менамояд, ба вуҷуд оварда шудааст».
Вақте ки дар кишвари мо инқилоби сотсиалистӣ ба амал омад, оммаҳои миллионнафараи меҳнаткашони миллатҳои гуногунро ба фаъолияти таърихӣ даъват намуд, махсусан нақши эҷодиёти бадеӣ афзуд. Нависандагони рус дар сафи пеши адибони шӯравӣ истода, аввалин шуда асарҳои шоёни таҳсине офаридаанд, ки дар натиҷа адабиёти шӯравӣ дар ҷаҳон шуҳратманд гардид ва миллионҳо хонандагони нав пайдо кард.
Нависандаи бузурги рус Леонид Леонов чор сол муқаддам дар анҷумани Умумииттифоқии нависандагони шӯравӣ гуфта буд: «мардуми мо мехоҳад, ки фардои худро бо чашмони адабиётамон бинад. Барои ин гуна адабиёт фақат сарояндаи халқ шудан ниҳоят кам аст: бояд адабиёт пешоҳанги халқ ҳам бошад». Агар ин асарҳоеро, ки нависандагони маъруфи рус Алексей Максимович Горкий, Владимир Маяковский, Михаил Фурманов, Михаил Шолохов, Константин Федин, Алексей Толстой, Александр Фадеев, Леонид Леонов, Василий Твардовский, Аркадий Гайдар, Валентин Катаев, Вадим Кожевников, Ольга Форш, Татяна Тэсс ва дигарон офаридаанд, муҳокима карда бароем, пас маълум мешавад, ки ин баҳоро ба бисёрии онҳо додан мумкин аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо