Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
Марказии Партияи Коммунистии Ўзбекистон рафиқ Шароф Рашидов дар нутқи худ дар Иҷлосияи дуввуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон гуфта гузашт: «Хушбахтии ӯзбекон, тоҷикон ва ҳамаи халқҳои Осиёи Миёна дар он аст, ки онҳо дар натиҷаи ба Руссия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна, бо халқи рус, бо коммунистони рус ҳамтақдиру ҳамнафас шудаанд ва онҳо бо ӯзбекону тоҷикон ва ҳамаи халқҳои Осиёи Миёна дасти ёрии бародарона дароз карда, дар онҳо худшиносии синфиро тарбия намудаанд ва онҳоро ба муборизаи инқилобӣ ҳамроҳ кардаанд». Мо яке аз сабабҳои асосии рушди адабиёти шӯравии тоҷикро, ки қисми ҷудонопазири адабиёти бои мамлакатҳои сотсиализми ғолиб ба шумор меравад, дар ҳамин мебинем.
Ҳанӯз соли 1934 яке аз адибони тотор ба Алексей Максимович Горкий навишта буд: « ...шумораи
мо, нависандагон майдамиллатҳое, ки ба забони русӣ
асарҳои худро нашр мекунонем, аллакай ба даҳҳо ва
ҳатто ба садҳо расидааст. Ин аз як ҷониб. Аз ҷониби дигар адабиёти шӯравиро ба забони русӣ на фақат
оммаҳои рус, балки меҳнаткашони ҳама миллатҳои
Иттиҳоди Шӯравӣ мехонанд. Бо ин адабиёт миллионҳо насли навраси ҳамаи миллатҳо тарбия карда
мешаванд. Ба ҳамин тариқ адабиёти бадеии шӯравии
пролетарӣ ба забони рус аллакай аз адабиёти одамони
русзабон ва руснажод оҳиста-оҳиста аз ҷиҳати шакл
ҳам ба адабиёти хусусияташ байналмилалӣ мубаддал
гардида истодааст. Ин раванди муҳими таърихӣ дар
навбати аввал тамоман вазифа ва талабҳои нав ба
миён мегузорад». Максим Горкий ин мактуби адиби
тоторро ба вакилони Анҷумани якуми умумииттиҳодии
нависандагони шӯравӣ қироат карда, пеш аз ҳама
нависандагони русро даъват намуда буд, ки барои
рушди адабиёти мардуми сермиллати шӯравӣ ғамхорӣ
кунанд ва барои ин тамоми корҳои аз дасташон
неомадагиро ба ҷо оваранд. Нависандагони рус ҳам

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо