Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан
  • Дар воқеъ, насаби ту Сабуров-а? - пурсид Василий аз Андрейка.
  • Ҳа.
  • Номи падарат чӣ буд?
  • Степан.
  • Як пояш мелангид?
  • Бале, мелангид.
  • Эҳ, Андрейка! - гуфта Василий аз ҷо хест. - Чаро пештар гап назадӣ, ки падаратро ҷустуҷӯ мекунӣ? Охир ман ӯро мешиносам: рӯзи ба отряди мо омаданаш фоҷиаи оилаашро ҳикоят карда буд. Ӯ ҳамин хел одам, ки кам, вале фикр карда гап мезанад.
  • Бале, ӯ ҳамин хел... - тасдиқ кард Андрейка.
  • Он рӯз ман ҳамроҳи собиқ командирам лейтенант Владимиров ба ин отряд омадам ва дигар надонистам, ки баъд тақдираш чӣ шуд.
  • Ҳеҷ гап не, пас аз анҷоми амалиёти дарпешистода ӯро суроғ карда меёбам, - гуфта Кононенко Андрейкаро тасалло дод. - Ҳоло ту, Андрейка, дар ихтиёри Василий ҳастӣ.
  • Ман аз Василий - амак ҷудо ҳам намешавам, - гуфт Андрейка.
    Ҳама хандиданд.
  • Ҳоло ба ту ҷавоб, разведкачии ҷасур, - гуфт Кононенко дасташро ба китфи Андрейка гузошта, - ҳамин ки Чернухиноро озод кардем, албатта падаратро ҷустуҷӯ мекунем.
    Андрейка аз заминкан баромад, Кононенко бошад ба Маруся ва Василий рӯ оварда, суханашро давом дод:
  • Артиши амалкунандаи мо шаҳрҳою деҳоти вилоятро паси ҳам озод карда пеш меояд. Фашистон дар роҳи гурези худ мардуми осоиштаро азоб медиҳанд, чизу чорашонро кашида мегиранд. Алалхусус политсайҳои
пешина
аз 349
навбатӣ