Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
- Хуб шудааст, - гуфт Василий ва боз зада аз дар баромад.
Кононенко дар заминкан танҳо монда, аз хусуси тақдири Андрейка фикр мекард. «Модар ва хоҳарчаҳояшро фашистони лаин паррондаанд, - мегуфт дар дил ба худаш, - дар куҷо будани падарашро намедонад; ба Анастасия Андреевна одат карда, ӯро мисли модари худаш дӯст медошт, лекин тақдирашро бинед, ки кампир ҳам аз дунё чашм пӯшид. Алҳол инро ба вай гуфтан даркор не, - ғамаш дучанд мешавад. Ягона илоҷ ҳамин, ки Василий Антонов Андрейкаро ба зери қаноти худ бигирад ва то хотима ёфтани ҷанг аз вай бохабар шавад. Ҷанг, ки тамом шуд, илоҷи кор осон мегардад: ӯро барои таҳсил кардан ба омӯзишгоҳи ҳарбӣ медиҳем. Кӣ медонад, шояд генерал шавад?».
Ба заминкан Василий Антонов, Маруся ва Андрейка даромаданд. Василий ба Кононенко чашмак зада монд, яъне барои гӯр кардани кампир одам фиристодам гуфт. Кононенко ҳам «фаҳмидам» гуфтанӣ шуда сар ҷунбонид, баъд онҳоро таклиф кард, ки ба лаби тахтакат бишинанд.
Вақте ки ҳама ба лаби тахтакат нишастанд, Андрейка ба Кононенко муроҷиат карда пурсид:
-
Аз хусуси падари ман ба штаби иттиҳодияи партизанӣ муроҷиат кардед?
-
Муроҷиат кардам, Андрейка, - ҷавоб дод Кононенко. - Ба ман ваъда дода буданд... албатта ҷустуҷӯ мекунанд...
Василий гумон карда буд, ки фашистони немис тамоми аҳли оилаи Андрейка, аз ҷумла падарашро ҳам паррондаанд, бинобар он аз хусуси ӯ ҳеҷ гоҳ бо писарбача гап намезад. Вай танҳо акнун фаҳмид, ки падари Андрейка зинда ва дар кадом як отряди партизанӣ бар зидди душман меҷангидааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо