Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
маҳаллӣ беҳад бедодгарӣ мекунанд. Аз рӯи ахбороту маълумотҳои ба мо расида, политсайҳо, умуман хоинони Ватан хонаҳоро оташ мезананд, мардуми бегуноҳро тирборон мекунанд, ба номуси занону духтарон мерасанд... Ту, Маруся, худи ҳозир ба Кадиевка раҳсипор шав. Бисёр сокинонаш ба ту шиносанд, агар ёфтани пинҳонкорон муяссар нашавад, ба худи аҳолӣ муроҷиат карда гап зан, ки ҳангоми ба ҳуҷум гузаштани мо хомӯш нанишаста, ҷасурона амал кунанд, ба душман муқобилият нишон диҳанд, оташи хонаҳоро хомӯш кунанд, чорворо бурдан намонанд... Фаҳмидӣ?
-
Фаҳмидам, - гуфт Маруся ва аз ҷой хеста.
-
Мо фардо шабона ба роҳ баромада, субҳдам ба деҳаи Лозовой мерасем. Агар тавонӣ, ба деҳаҳои Горск ва Белолутск низ рав, мақсадро ба онҳо ҳам фаҳмон. - Маруся хайрухуш карда рафт. Кононенко сипас ба Василий муроҷиат кард: Агар дар хотир дошта бошӣ, аз штаби иттиҳодияи партизанӣ фармон шуда буд, ки мо бояд бо алоқамандии отряди партизании Сиворонов ба истгоҳи Чернухино ҳуҷум кунем. Аз чӣ сабаб бошад, ки ба воситаи ратсия бо Сиворонов ва гурӯҳи он алоқа карда натавонистем. Дар байни фақат як рӯз мондааст. Лозим меояд, ки худи ту ба отряди Сиворонов равӣ ва вақти ба ҳуҷум гузаштани моро ба онҳо фаҳмонӣ. Дар хотир нигоҳ дор: аз рӯи нақшаи пешакӣ мо субҳдам ба деҳаи Лозовой, баъд ба Лиман мерасем. Як рота бо пулемётҳои дастӣ роҳи гурези гестапочиёну политсайҳоро банд мекунад, ду ротаи дигар ногаҳон ба маркази Лиман зада медарояд... Агар баргаштан дер шавад, дар отряди Сиворонов бимон, бо якдигар дар Чернухино вомехӯрем.
-
Андрейка чӣ?
-
Ӯро ҳамроҳат бубар ва мисли гавҳараки чашм эҳтиёт кун, - ман аз вай умеди калон дорам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо