Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Саволи бе ҷо, ҷаноби Генрих, - гуфт Кононенко,
  • шумо хуб медонед, ки бо чӣ мақсад душманро асир мегиранд. Медонед-а?
    Генрих сарашро хам кард.
    Партизанҳо ба роҳ даромаданд. Кононенко боз ба андеша дода шуда, хомӯшона пеш-пеши қатор қадам зада мерафт. Вай дар бораи гурӯҳи разведкаи отряд, ки дар шаҳр буд ва ба ҳайати он Андрейка, Анастасия Андреевна, Франс ва Шултс дохил буданд, фикр карда, ба худаш мегуфт: «Маълумоти муҳимме доданд, - барои ин раҳмат ба онҳо. Лекин фашистони немис аз ғайб задани Генрих ва политсайҳо ором намешинанд, албатта. Чӣ чора меандешида бошанд?»

VIII

Радиостансияи штаби комендатураи Чернухино дар кадом гӯшаи истгоҳ кор кардани ратсияи пинҳониро ба қайд гирифт. Бо супориши штаби комендатура фашистон ба ҷустуҷӯи он баромаданд. Ду машинаи махсуси ба дастгоҳҳои радио ҷиҳозонида ҳама кӯчаю паскӯчаи Чернухиноро мегаштанд, отрядҳои махсуси «СС» биноҳои гирду атрофи истгоҳ ва хонаҳои шаҳракҳои назди онро аз як сар дида мебаромаданд.
Ба болои ин, хабари аз даҳаи Лукашино гум шудани ҷонишини коменданти Чернухино Генрих ва панҷ нафар политсай ташвиши фашистонро дучанд карда буд. Тамоми политсия, отрядҳои «СС» ва ҷазодиҳанда, хуллас, тамоми гарнизони Чернухиноро ба по хезонда буданд.
Рӯзи дуюми аз Лукашино гум шудани Генрих ба ин ҷо тақрибан сад нафар «СС»-чиён ва политсайҳо омада, мардуми деҳаро дар назди майдончаи бинои мактаб ҷамъ карданд, вале аз онҳо ҳеҷ чиз фаҳмида натавонистанд. Бо супориши Сардори отряди «СС»
аз ҳар даҳ нафар як нафарро бароварда, дар пеши

пешина
аз 349
навбатӣ