Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

назари ҳама парронданд. Тақрибан бист нафар мӯсафедону занони гумонбарро ба сарое маҳкам карда, баъд онро оташ заданд. Ҳангоми тафтиш арбоби деҳа Харитон-амак ба комендант фаҳмонд: «Шабона, тақрибан соатҳои се, гурӯҳи калони партизанҳо ба деҳа ногаҳон зада даромада, хонаи Маруся ва хонаи ӯро иҳота карданд, Генриху Марусяро дастгир карда, баъд ба политсайҳое, ки дар хонаи ман буданд, ҳуҷум карданд. Политсайҳо зуд таслим шуданд». Ба саволи он, чаро партизанҳо ӯро дошта набурданд ва ё напаронданд, ӯ ҷавоб дод: «Ман ҳангоми тирпарронӣ аз тиреза баромада гурехтам». Фашистон Харитонро ба ҳабс гирифта, баъди ду рӯз парронданд.

Коменданти Чернухино барои мубориза бурдан ба муқобили отряди партизанӣ отряди калони ҷазодиҳӣ тайёр мекард. Инро Франс ва Андрейка ба воситаи рация ба штаби партизанӣ хабар доданд. Штаби партизанҳо баъд аз гирифтани ин ахбор зуд қароргоҳи отрядро дигар кард: тақрибан боз чил-панҷоҳ километр ба дарунтари ҷангал рафт. Баъди як ҳафта бештар аз ҳазор нафар аскарони яккачини фашистӣ роҳи бешаро пеш гирифтанд. Онҳо аз канори ҷангал сар карда, оташ кушода пеш мерафтанд, вале ба муқобилияте дучор намегардиданд. Ҳамин тавр дар беша бист-бисту панҷ километр роҳ паймуда, ба лагери аввалаи партизанҳо расиданд, вале дар он ҷо бо касе вонахӯрданд. Ҳавопаймоҳои фашистӣ шабу рӯз бешаро бомбаборон мекарданд. Беша ҷо-ҷо оташ гирифт, ки алангаи онро аз деҳаҳои гирду атроф дидан мумкин буд.

Оре, дар чунин вазъият дар хонаи Анастасия Андреевна истодани Андрейка дигар мумкин набуд. Фашистон ду бор ба ин ҷо даромада, ҳеҷ чизро пай набурда, баромада рафтанд. Дар Чернухино пинҳонкорон буданд, албатта. Инро Анастасия Андреевна медонист, вале кӣ ва дар куҷо будани онҳо ба вай

пешина
аз 349
навбатӣ