Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

даромади дар нишаста ва автоматро байни ду зонуяш нигоҳ дошта, бо сари хам пинак мерафт. Партизанҳо бо дасти автомат ӯро аз пой афтонда, ба даҳонаш латтапорае андохта, дастонашро бастанд. Баъд оҳиста ба хона даромаданд. Маруся бедор буд, вале худашро ба хоб зада, дар паҳлӯи Генрих мехобид. Генрих бошад масти хоб буд. Ӯро низ, ба даҳонаш латтапора андохта ва дастонашро баста, аз ҷо ҳезонданд. Партизане пилтаи фонусро баланд кард. Хона равшан шуд. Генрих ҳанӯз хоболуд бошад ҳам, воқеаи рӯйдодаро фаҳмид ва ба Марусяю партизанҳо ало-ало нигоҳ кардан гирифт.

Василий ба партизане гуфт:

  • Шинелашро ба танаш пӯшон. - Вай ба Мария рӯ овард.
  • Ту ҳам палтоятро пӯш, аз чизҳое, ки ба ту даркор аст, интихоб кун, - барои ба қароргоҳ бурдан партизанҳо ёрӣ медиҳанд.

Пас аз ним соат партизанҳо Генриху политсайҳоро пеш-пеш карда, ба роҳ даромаданд.

...Аз нисф зиёди роҳи бешаро тай карда буданд, ки субҳ ҳам дамид. Аз куҷое буд ба истиқболи разведкачиҳо Кононенко ҳамроҳи се-чор нафар партизанҳо баромада монд. Вай даст бардошта ба ҳама «салом!» гуфту пеш аз ҳама ба Генрих наздик шуд, латтапораро аз даҳони ӯ гирифта, дастонашро кушод.

  • Ман Кононенко, сардори отряди партизанӣ, - гуфт Кононенко аз Генрих чашм наканда.

Генрих чуқур нафас кашида, бо тааҷҷуб пурсид:

  • Ин чӣ корест: ба беша кашола карда овардед? Дар ҳамон ҷо, дар хонаи Маруся мепаррондед, намешуд?

Кононенко хандид.

  • Мо шуморо намепарронем.
  • Пас чаро дастгир кардед?
пешина
аз 349
навбатӣ