Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

кард. Генрих бо Маруся ва политсайҳо дар хонаи арбоб бе хавотир кайфу сафо карда, то соатҳои дуи шаб дам паст-паст суруд хондаю дам аз ину он гап зада нишастанд. Кайфҳояшон баланд шуда, хоб ҳам ғалаба кардан гирифт. Политсае гуфт:

  • Генрих хаста шуда буд, Марусяро ба канор гирифта хоб рафтааст, албатта. Мо ҳам чашм пӯшида кам-кам пинак равем-чӣ?
  • Хӯб мешавад, - гуфтанд политсайҳо.
    Арбоб ба политсайҳо аз хонаи дарун ҷо дод. Онҳо либосҳояшонро накашида, болои шинелҳои худ ба фарши хона дароз кашиданд ва дере нагузашта, хурроккашиашон баланд шуд.

Арбоб назди партизанҳо омад. Вақти амалиёт расида буд. Партизанҳо овоз набароварда ба хона даромаданд. Василий равшании фонусро, ки дар рӯи миз буд ва пилтааш хира-хира месӯхт, баланд кард, баъд ҳамроҳи се нафар партизани дигар ба хонаи дарун даромада, пеш аз ҳама автоматҳои политсайҳоро гирифт. Политсайҳо ғарқи хоб буданд.

  • Канӣ, бедор кунед, аз ҷо хезанд! - гуфт Василий ба партизанҳо. - Охир, онҳо барои дам гирифтан наомадаанд-ку!

Политсае овози Василийро шунида нимхез шуда, чашмонашро молидан гирифт. Дигаронро партизанҳо бо дастаи автоматҳо тела дода бедор карданд.

  • Дам гирифтан бас! - фармон дод Василий.
  • Шумо асиред ва ҳар чи гӯем, ба ҷо меоред. - Вай ба се нафар партизан фармуд: - Бигузор шинелҳоишонро пӯшанд, дасташонро ба қафо баста, ба даҳонашон латта андозед, баъд онҳоро пеш-пеш карда ба канори беша гирифта баред. Дигарон - ҳамроҳи ман, ба назди ҷаноби Генрих...

Партизанҳо хомӯшона назди хонаи Маруся омаданд.
Политсайи навбатдор дар помонаки охирини зинапояи

пешина
аз 349
навбатӣ