Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан
  • Маро? - пурсид Нурҷон хитоб карда. - Ман... ман чунон боб мекунам, ки роҳи гурез ҳам ёфта натавонад!

Вай аз ин суханҳои худ шердил шуда, чанд қадам пеш рафт, вале баробари дидани он чиз дилаш ба таппиш даромада, пеши чашмонашро сиёҳӣ пахш кард. Чӣ кор кунад: ақиб гардад ва ё пеш равад? Аммо ақиб гардад тарсончак мешавад, пеш равад ҳайвон... ҳайвони ваҳшӣ - ӯро чок-чок карда мепартояд. Вай аз тарс дар ҷояш лаҳзае дудила шуда истода, бо қирраи чашм як ба Роҳила ва як ба тарафи он сиёҳӣ нигоҳ мекард. Ӯ он сиёҳиро ба чизе монанд кардагӣ барин шуда, дурусттар диққат кард ва қариб буд аз хурсанӣ фарёд кунад. «Эҳ, ин гов менамояд-ку, эҳтимол, Пешонақашқа бошад?» аз фикраш гузаронд Нурҷон, вале сирро бой надода, гӯё ӯ, дар ҳақиқат, ба тарафи ҳайвони ваҳшӣ рафта истода бошад, бо қадамҳои тез ва қатъӣ пеш рафтан гирифт. Ин рафтори Нурҷон Роҳиларо низ шердил кард. Духтарак ба як дасташ кафшашро ва ба дасти дигараш домани васеи куртаашро гӯндошта гирифта, аз паси Нурҷон зуд-зуд қадам мегузошт.

  • Говро дарранда гумон карданатро бинанд-а, - гуфт Нурҷон, баъди он ки Пешонақашқа будани он сиёҳиро нағз шинохт. - Аммо он чист, ки зери пояш ҷунбида истодааст.

  • Боз гург набошад? - гуфт Роҳила ҳаросида.

  • Не, - гуфт Нурҷон наздиктар рафта. - Говам зоидааст, ин гӯсолача.

Пешонақашқа Нурҷонро дида аз ҷояш хеста, «ма-а-а» - гӯён овоз баровард ва хам шуда, боз баҷаи навзодашро, ки худаш барин сип-сиёҳи қашқа буд, лесидан гирифт.

  • Говат кайҳо зоида будааст, - фаҳмонд Роҳила, вақте ки онҳо ҳаросон ба он ҷо омаданд. - Акнун вайро чӣ тавр ба хона мебарем?
пешина
аз 349
навбатӣ