Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
-
Охир, худат гуфта будӣ, ки ба саҳро намеравам, метарсам...
-
Ҳамроҳи ту кас наметарсад, - гуфт Роҳила.- Баъд, рӯз торик шуда истодааст, танҳо будани ту ҳам хуб не.
-
Ман аз танҳо буданам наметарсам, - гуфт Нурҷон, - вале ҳамроҳи худ гӯгирд нагирифтаам. Шояд даркор шуда монад.
-
Ман биёрам, - гуфт Роҳила хурсанд шуда, - хонаи мо хеле наздик, зуд бармегардам.
Нурҷон розӣ шуд. Дере нагузашта Роҳила аз хонаашон гӯгирд ва эҳтиётан қоғаз овард. Ҳар ду бо якдигар гапзанон карда, ба Сойи палангҳо расида омаданд. Роҳила ба ин сой бори аввал меомад ва аз куҷо гузаштани раҳу пайраҳаҳоро намедонист, бинобар он атрофро, ки пур аз ғумай буд, бо диққат аз назар гузаронида гуфт:
-
Аз ин ҷо роҳи гузар нест-ку!
-
Қад-қади ғумайзор роҳ ҳаст, - ҷавоб дод Нурҷон.
-
Аммо як қисми роҳ обу лой аст.
Нурҷон шалворашро бар зада, кафшҳои соқдорашро кашиду аз бандашон ба тасмаи худ овезон кард, баъд ба Роҳила фармуд, ки ӯ ҳам кафшҳояшро кашида, ба дасти худ гирад. Ҳар ду сабуку чаққон шуда, ба роҳ даромаданд ва пас аз фурсате ба майдони васее баромаданд, ки дар канори он, дар поёни теппа дарахти куҳансоли муруди кӯҳӣ мерӯйяд.
-
Исто... сабр кун, Нурҷон! - гуфт Роҳила дасти Нурҷонро якбора ба ақиб кашида. - Дар он ҷо чизе хоб кардааст. Боз ҳайвони ваҳшӣ набошад?
-
Одам ҳам аз ҳайвони ваҳшӣ метарсидааст? Канӣ, пеш рафтем! - гуфт Нурҷон, дар ҳолате ки худаш чанд қадам ақибтар рафта буд. Вай худро ҳар қадар ҷасур гирифта, ба пеш ҳаракат кардани шавад ҳам, пойҳояш аз ҷояшон намеҷунбиданд.
-
Наздик нашав, Нурҷон, - тавалло кард Роҳила, боз туро чок карда напартояд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё