Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан
  • Рӯз бегоҳ шуд, вале модарат Пешонақашқаро ёфта натавониста, кӯча ба кӯча ҷустуҷӯ мекунанд. Аз афташ, дар саҳро мондааст...

Пешонақашқа лақаби гови Нурҷонино буд. Вай бо шунидани ин хабар тарқи бозӣ карда, рафтагӣ шуда буд, ки Роҳила пурсид;

  • Ман ҳам равам?
  • Агар хоҳӣ, ихтиёрат.

Деҳа он қадар калон набуд, ҳамагӣ қариб сад ҳавлӣ, шаш кӯчаи дароз ва боғи нави дарахтони мева дошт, ки колхозчиён онҳоро дар зарфи се соли ба ин водӣ муҳоҷир шуда омаданашон бунёд карда буданд. Барои ҳамин ҳам Нурҷону Роҳила дар каме вақт гирду пеши ҳавлиҳои деҳаро давр зада баромаданд, вале Пешонақашқаро ёфта натавонистанд.

  • Куҷо рафта бошад? - пурсид Роҳила.
  • Медонӣ, - гуфт Нурҷон ба атроф, ки торафт торик шуда истода буд, назар афканда. - Эҳтимол вай ба Соии палангҳо рафта бошад.

Дар паси деҳа, дуртар аз майдонҳои пахта ду теппае менамуд, ки ҳамвории васеи байни онҳоро Соии палангҳо меномиданд.

  • Чаро ба он ҷо мерафтааст? - шубҳа кард Роҳила. Ман пеш ҳам вайро як бор аз ҳамон ҷо ёфта будам. Дар он ҷо алаф хеле бисёр...
  • Ҳоло ба ҳамон ҷо меравӣ?
  • Набошад чӣ! - қатъӣ ҷавоб дод Нурҷон. - Ман аз ҳеҷ чиз наметарсам.

Нурҷон дигар гап назада, ба роҳе ки он ба тарафи Соии палангҳо мебурд, равон шуд. Роҳила бошад, дақиқае фикр карда, баъд боз аз ақиби Нурҷон давида ба ӯ расида гирифт.

  • Нурҷон, - гуфт Роҳила, - ҳамроҳат ман ҳам меравам. Ту розӣ ҳастӣ?
  • Майлат, ба шарте ки натарсӣ, гиря накунӣ.
  • Чаро метарсидаам?
пешина
аз 349
навбатӣ