Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Ҳеҷ гап не, мебарем, - ҷавоб дод Нурҷон.
  • Ман гӯсоларо бардошта меравам, гов бошад худаш аз ақиби ман омадан мегирад.
  • Гӯсоларо афтонӣ-чӣ?
  • Гӯсола чӣ? Аз он калонтарашро мебардорам!
  • Ба ҳар ҳол эҳтиёт шудан даркор, Нурҷон. Беҳтараш, ту дар ҳамин ҷо ист, ман ба деҳа рафта ба падарат хабар медиҳам.

Маълум буд, ки Нурҷон аз уҳдаи бардошта бурдани ин қадар гӯсолаи калонҷусса баромада наметавонад. Худаш ҳам мехост, ки Роҳиларо ба деҳа фиристонида, падарашро фарёд кунад, аммо аз чӣ сабаб бошад, ки аз гуфтани он худдорӣ карда буд. Хушбахтона, худи Роҳила гапро сар кард.

  • Агар дар роҳ натарсӣ, хуб аст, рафта хабар деҳ,
  • розӣ шуд Нурҷон.
  • Акнун роҳро дидам, натарсида меравам, - ҷавоб дод Роҳила.

Нурҷон Роҳиларо гусел карду баъдтар «Мабодо роҳро Роҳила гум кунад, ё падарам дар хона набошанд, чӣ кор мекунам?» - гӯён бетоқат шудан гирифт. Вай ҳар дам Пешонақашқа ва гӯсолачаи онро навозиш карда, гӯё онҳо гапи одамро мефаҳмида бошанд, ба гӯшашон суханҳои ширин мегуфт, сурудҳо мехонд, то ки вақтро номаълум гузаронида, ба тарсу ваҳм роҳ надиҳад. Пешонақашқа ҳам Нурҷонро бӯй карда, гоҳ-гоҳ маъос зада мемонд ва бо ин «ман гурусна, хӯрок деҳ» гуфтанӣ мешуд.

Аз байн хеле вақт гузашт. Акнун ҳар як дақиқа ба назари Нурҷон мисли соат дароз менамуд. Атроф тип-торик ва воҳиманок шуд. Аз тарсу танҳоӣ Нурҷон безобита шудан гирифт.

Дар ин вақт Пешонақашқа ногаҳон пойҳояшро тир барин рост ва думу гӯшҳояшро сих карда, ба тарафе чашм дӯхт. Нурҷон ҳам ба он сӯ нигоҳ карду аз тарс дар ҷояш нишаста монд. Аз теппа саг барин як

пешина
аз 349
навбатӣ