Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Степан рост кард, - ана ҳамин хел: «бах» - вассалом. Овозашро ҳам нашунида ба ҷаҳаннам меравӣ!

  • Ташаккур, бобо, - гуфт Степан ва зуд дастонашро шуста, ба идораи шӯрои деҳа шитобид. Дар он ҷо ӯро коменданти шаҳр интизор буд.

Степан ба идораи шӯрои деҳа даромада, дар иҳотаи як гурӯҳ политсаю гестапочиён, дар паси миз, дар курсии раис обер-лейтенанти қоматбаландеро нишаста дид, ки дар чашмонаш айнак дошт. Вай дар рӯ ба рӯи афсар рост истода гуфт:

  • Ман - Степан Сабуров.

Комендант:

  • Шумо котиби шӯрои деҳа будед?

Сабуров:

  • Оре.

Комендант:

  • Чаро гурехта ба ақибгоҳ нарафтед?

Сабуров:

  • Ҳоҷат надошт, ҷаноби обер-лейтенант. Ин ҷо зодгоҳам: хонаю ҷой, зану фарзанд дорам. Дар ҳамин ҷо аз модар ба дунё омадаам, дар ҳамин ҷо мемирам.

Комендант:

  • Ҷавобатон бад не, лекин, охир дигарҳо аз мо тарсида ба ақибгоҳ гурехта рафтаанд-ку?

Сабуров:

  • Ҳар каллаву як хаёл гуфтаанд, ҷаноби обер-лейтенант. Кӣ медонад, онҳо дар сар чӣ фикрҳое доштаанд. Ман бошам, фикрамро баён кардам. Комендант курсиеро нишон дода, ба Сабуров таклифи нишастан кард. Пас аз он, ки вай ба курсӣ нишаст, комендант гуфт:

  • Ба ҳар ҳол, дар ин ҷо мондани шумо барои ман номафҳум аст. Охир, шумо котиби шӯрои деҳа, яъне, агар саҳв накунам, аъзои ҳукумати маҳаллӣ ҳастед, аз дигарҳо дида бояд шумо бештар метарсидед...

пешина
аз 349
навбатӣ