Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хонданСабуров:
- Барои тарсидан сабабе набуд, ҷаноби комендант. Одатан одами гунаҳгор метарсад, ман бошам гуноҳе надорам.
Комендант:
- Бояд шумо хуб дар хотир доред: мо манфиати империяи бузурги Германияро ифода мекунем, дар назди мо вазифа гузошта шудааст; чи тавре фюрер гуфтааст, дар ин мамлакат бояд болшевизмро решакан карда, тартиботи нав ҷорӣ намоем. Ва ман ҳақ дорам, ки шуморо ҳамчун болшевик худи ҳозир дар ҳамин ҷо парронам.
Комендант таппончаашро аз ғилоф бароварда рӯи миз гузошт.
Степан ба таври аввала оромона гуфт:
- Оре, ин кор аз дасти шумо меояд.
- Ва шумо аз марг наметарсед?
Сабуров:
- Чаро тарсам, вақте ки кас бармаҳал ё дертар ноҷору ноилоҷ мемирад. Марг ногузир аст.
Комендант:
- Шумо, маълум мешавад, одами бомаълумот будаед, беҳуда шуморо котиби шӯрои деҳа таъин накардаанд.
Сабуров:
- Ба маълумотатон ҷаноби обер-лейтенант, ҳафт синф маълумот дорам, лекин ширинию талхии ҳаётро басе чашидаам.
Комендант таппончаро ба даст гирифта гуфт:
- Ба ҳар ҳол, ҷаноби Сабуров, дар ин ҷо мондани шумо барои ман номафҳум аст.
Сабуров бо табассум ва оромона ҷавоб дод:
- Худатон фикр кунед, ҷаноби обер-лейтенант: ман лангпои пиёда куҷо ҳам мерафтам? Дар мавриди ланг набуданам ҳам зодгоҳамро тарк намекардам, бо ҳамин андеша, ки шумо, немисҳо, низ одам ҳастед, дили инсонӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё