Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

шуданд. Баъзеяшон нагурехта, андармони баҷо кардани ҷизу чора буданд. Аммо дер шуда буд. Солдатҳои мотосикронсавор аллакай деҳаро иҳота карда буданд ва касе, ки қасди аз деҳа гурехтан мекард, бе ҳеҷ огоҳӣ мепарронданд. Фашистоне, ки аз мошинҳо фаромада буданд, ба хонаҳо зада даромада, асбобу анҷомҳои мардумро чаппаю роста мекарданд, сару либоси ба худашон маъқулро ба борхалтаҳояшон ҷо карда, мурғу ғозҳои ба чашмонашон афтодаро мепарронданд...

Фашистон қариб ду соат деҳаро талаю тороҷ карда, сокинонашро ба дод оварданд. Баъзе хонаҳоро, ки соҳибонашон кӯчу борашонро бардошта ба ақибгоҳ рафта буданд, оташ заданд. Марду ҷавононеро, ки дуруст пинҳон шуда натавонистанд, ошкор карда, дар ҷойҳояшон парронданд.

Степан ҳанӯз ҳам дар полиз ҷунбуҷӯл дошт. Андрейка бошад, наменамуд: вай, албатта, дар ҷои бехавфе пинҳон шуда буд. Як вақте ба ҳавлӣ аробакаш Миша-бобо даромада ва риши гӯлашро бо ангуштонаш шона карда гуфт:

  • Салом, Степан!

Степан қомат рост карда салом дод ва назди Миша-бобо рафта бо вай вохӯрдӣ кард.

  • Ҳӯш, бобо? - гуфт Степан, - ба коре омадӣ, албатта?

  • Бале, - ҷавоб дод Миша-бобо, - калони немисҳо дар идораи шӯрои деҳа туро интизор. Ба ман фармуд, ки зуд туро огоҳ намоям ва ту зудтар назди онҳо равӣ. - Бе яроқ омадӣ-ку бобо, - хандида гуфт Степан. - Ҳатто таппонча ҳам надорӣ?

  • Вақти шӯхӣ не, Степан, зудтар рав,- гуфту Миша-бобо таъкид кард:

  • Эҳтиёт шав, ҳар чӣ хоҳанд, гуфтан гиранд, лекин ту ғазаб накун. Онҳо бо мардуми мо нозу нуз намекунанд, - ва ангушташро мисли таппонча ба пешонаи

пешина
аз 349
навбатӣ