Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

бо ин ба одамони ношинос, хусусан фашистони немис худро дар ҳақиқат майбу ба корҳои ҷисмонӣ ноқобил вонамуд кардан мехост. Мардуми деҳаи Боровская колоннаи немисҳоро аз дур диданд. Тақрибан понздаҳ-бист нафар фашистони мотосиклсавор пеш-пеш, аз паси онҳо чанд мошини пур аз фашистон ва ду автобуси сабз сӯи деҳа бо суръат ҳаракат мекарданд. Дар деҳа садоҳои ҳаяҷоновар баланд шуд:

  • Немисҳо! Фашистон омаданд! Гурезед, паноҳ шавед!...

Степан, ки дар полиз ҷунбуҷӯл дошт, қомат рост карда, ба роҳ назар афканд. Оре, онҳо фашистони немис буданд ва аз хавф эмин будани роҳро дониста, бемалол ҳаракат мекарданд. Аз куҷое буд, ки писараш Андрейка давида омад.

  • Ота! - гуфт ӯ базӯр нафас кашида. - Мебинӣ, киҳо?... - Оре, писаракам, - оромона ҷавоб дод Степан. - Медонӣ, то дами аз деҳа рафтани фашистон дар ҷое паноҳ шав ва худатро ба онҳо нишон надеҳ. Ҳар чӣ бошад ҳам, ту бачаи калонакак шудаӣ, боз фашистон...

  • Мефаҳмам, ота, - ҷавоб дод Андрейка ва модарашро, ки аз даҳлез баромада буд, ба Степан нишон дода гуфт:

  • Модарам, хоҳарчаҳоям чӣ?

  • Онҳо дар хона мемонанд. Канӣ бубинем, сафари ин аблаҳон ба деҳаи мо ба чӣ меанҷомад. - Сонӣ, Степан ба занаш муроҷиат карда гуфт:

  • Варвара, вақте ки немисҳо ба ин ҷо омаданд, худатро ором нигоҳ дор. Фаҳмидӣ? Варвара Михайловнаи ба назар ором дар асл аз ногаҳонӣ ба деҳа омадани фашистони немис мушавваш ва хотирпарешон буд, исроркорона сар ҷунбонида ба хона даромад. Деҳаро садои мотосиклу мошинаҳо ва шеваи номафҳуми немисӣ фаро гирифт. Мардум ба чор тараф пароканда

пешина
аз 349
навбатӣ