Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
Баъд аз ба охир расидани дарс ҳуҷраҳову синфҳо, роҳрави дарози бинои мактаб ва ҳавлии васеи он, ки чанде пеш пур аз хонандагон буданду овозҳои хурсандонаи онҳо аз ҳар тараф ба гӯш мерасид, дар як лаҳза холӣ шуданд. Тоҷӣ ба гулдонҳои дар рафи тирезаҳои синф гузошташуда эҳтиёткорона об рехта, суруди дирӯз аз кадом як китобе азхуд кардаашро бо овози паст замзама мекард. Ин кор ба вай маъқул буд, вале аз онҳое, ки ин гулҳоро бо ҳамроҳии ӯ тамоми тобистон парвариш намуда, акнун онҳоро аз хотир баровардаанд, нороҳат буд. «Хайр, ҳеҷ гап не, худам нигоҳубин мекунам», - мегуфт вай худ ба худ.
Гурс-гурси поймонии касе аз роҳрав шунида шуд. Тоҷӣ корашро давом дода, сурудро баланд-баланд хондан гирифт, умед дошт, ки ҳозир директори мактаб ё муаллима овози вайро шунида ба синф медароянд ва ин кори ӯро дида, таърифу тавсиф мекунанду аҳсан мегӯянд. Вай ҳис кард, ки шахси дар роҳрав буда ба назди дар омада, қарор гирифт, вале аз чӣ сабаб бошад, ки ба синф намедаромад. Ин кӣ бошад?
Оби сатил тамом шуд. Тоҷӣ онро нақора карда, бо овози баланд сурудхониро давом дод:
Дарахти навраси ин бӯстонӣ,
Шакарпайванди боғи тоҷиконӣ...
«Аз ту ҳофиз намебаромадааст, овозат дагал», - ин овоз бо садои ғиҷҷаси дар якҷоя ба гӯши Тоҷӣ расид. Вай на ҷавоб гардонд, на ба тарафи овоз нигоҳ кард ва дар ҳамон ҳолати аввала - рӯяш ба тиреза ва нақоразанон истодан гирифт. - «Аммо нақорачӣ шуданат мумкин, - боз шунид Тоҷӣ, - худат ҳам монанди он лӯб-лӯндаяк».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё