Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Шомул будани гӯяндаи ин суханҳоро Тоҷӣ аз дақиқаҳои аввал фаҳмида буд. Агар вай суханҳои писхандомез намегуфт, эҳтимол Тоҷӣ боз чанд дақиқа намуди сохтаашро дигар накарда, хомӯш мемонд ва... Оҳ, ин Шомул чӣ хел табиате дорад, ки бо гапҳои дилсардкунандаи худ одамро ҳамеша оташин мекунад!

  • Ту олим шавӣ, бас аст, - гуфт Тоҷӣ бо қаҳр. - Ба ман кораш набошад!

  • Кораш набошад? - пурсид Шомул такрор карда ва наздиктар омада, Тоҷиро бо оринҷаш тела дод.

  • Кори имрӯзаат аз хотир баромад?

Аз ин оташи ғазаби Тоҷӣ боз баландтар шуд, вале ӯ худро ба даст гирифта, сулҳҷӯёна гуфт:

  • Ман қасдан накарда будам. Бозӣ-дия, ҳар хел тасодуф шуданаш мумкин:

  • Тасодуфи хеле хуб! Ҳоло ҳам дастам дард карда истодааст, - гуфт Шомул заҳрханда карда.

Ин воқеа дар танаффуси охирин, вақте ки онҳо саргарми бозии «сеюмин шахс баризофа» буданд, рӯй дод. Тоҷӣ Шомулро таъқиб карда истода, баногоҳ аз шалвори ӯ дошт ва баъд...

Шомул аз замин бархеста, мехост аз Тоҷӣ қасосашро гирад, ӯро низ сахт тела дода ғалтонад. Вале занг зада шуду вай ноилоҷ ба синф даромад. Пас аз тамом шудани дарс Шомул аз ҳама пеш баромада, дар кӯча интизор истод. Вақте ки ҳама монда рафтанду дараки Тоҷӣ нашуд, Шомул фаҳмид, ки ӯ дар синф мондааст.

  • Ту худатро ҳама вақт мусичаи бегуноҳ карда нишон медиҳӣ, тарсончак!

  • Кӣ тарсончак? Ман? - фарёд кард Тоҷӣ, дигар ба гапҳои Шомул тоб оварда натавониста.

  • Албатта, ту! Тарсончак набошӣ, ана биё, муштҷанг мекунем, мебинем кӣ зӯр мебарояд, - гуфт ва мунтазири ҷавоб нашуда, барои муҳофизат кардани худ бо дасти чап портфелашро баланд бардошта, бо дасти дигараш Тоҷиро якбора сахт тела дод. Тоҷӣ, ки худро бепарво нишон медод, ба гулдони рафи тиреза рафта зад ва он ба рӯи фарш афтода пора-пора шуд.

  • Ин чӣ кори кардагиат? - гуфт Тоҷӣ ва дарҳол хам шуда аз рӯи фарш растаниро бардошт: он аз мобайнаш шикаста, ба ду қисм ҷудо шуда буд. Садбарги хитойӣ... Дар мактаб дигар ин хел растанӣ нест, фақат як ҳамин буд, ки онро ҳамаи хонандагони синфи 6-уми «Г» дӯст медоштанд, баробар нигоҳубин мекарданд. Шомул ҳам оқибати шӯхии бади худро дида, ҳиҷолат кашид, сурху сафед шуд ва ба Тоҷӣ ким-чӣ, шояд зудтар аз ин ҷо гурехта рафтанро таклиф кардани буд, ки ногаҳон директори мактаб Азизҷонов аз ҳуҷраи кориаш сари тоза тарошидаашро берун бароварда, «Чӣ шуд? Чӣ гап?» гӯён овоз баровард.

  • Шомул лаҳзае дудила шуд: истад ва ё монда равад? Директор, албатта, раҳмат намегӯяд. Вай дар як

пешина
аз 349
навбатӣ