Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

адаб — Мирзо Турсунзода, Тилло Пӯлодӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Муҳиддин Фарҳат дӯстӣ ва иртиботи хубе барқарор карда ва бо адибони ҳампешаву ҳамсоя ва, бахусус ҷавонон, дар муносибати самимие қарор доштааст. Аз ҷумла, Басир Расо, Юсуф Акобиров, Убайд Раҷаб, Ҳадиса, Салимшо Ҳалимшо, Мазҳабшои Муҳаббатшо, Солеҳ Салоҳ, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ барин аҳли адаби ҳанӯз дар он солҳо ҷавон бо вай ба зудӣ унс гирифта, аз меҳрубониҳои ӯ баҳра бардоштаанд. Вай Гулчеҳра Сулаймоноваро баробари як хоҳар эҳтиром кардаву дӯст медошт. Шоири хушзавки тоҷик Шоҳмуҳаммад Ёдгорӣ дар бораи ӯ ёддошти самимие ба чоп расонид ва нависандаи хушсалиқа Мансури Суруш бошад ёдовар мешавад, ки бо Мустафо Шарқӣ ҳанӯз ҳангоми донишҷӯӣ, вақте ки ӯ дар рӯзномаи Вахш кор мекард, шинос шудаву аз хоксорӣ ва инсондӯстии ӯ барои худ ибрат гирифтааст ва ин муносибати самимии бо эшон то хеле вақт барқарор будааст.

Мустафо Шарқӣ ҳамчунин падари меҳрубон буд ва дар тарбияи фарзандон эҳтироми иззати нафси кӯдакон ва озодӣ дар баёни андешаи онҳоро ба ҷои аввал мегузоштааст. Воқеан, бисёр ҳикояҳои вай асоси воқеӣ, биографӣ доштаанд. Бомаврид аст, таъкид намоем, ки аз Мустафо Шарқӣ ду духтар (писараш Матлаб соли 1985 фавтидааст) боқӣ монда, ки ҳар ду ба тарзу тариқа идомадиҳандаи кори падар мебошанд.
Яке, Светлана Мустафоевна Назарова, номзади илмҳои тиб, дотсент, ҳам дар тарбияи пизишкони оянда саҳм мегирад ва ҳам дар сиҳати ҷисму ҷони мардум, дигаре, Галина Мустафоевна Назарова, рӯзноманигор, дар айни замон Сарвари Намояндагии бунёди «Пажӯҳишгоҳи Тадқиқотҳои Евросиё» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бисёр корҳои хайреро барои инкишофи матбуот ва забону адабиёт ба ҷо меоварад ва дар таҳкими дӯстии халқҳои тоҷику рус саҳм мегирад. Ин ташкилот ба хонаи пиронсолому барҷомондагон ёрӣ моддӣ карда, ба мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова ва ба нашри маҷаллаи «Русский язык и литература в таджикских школах» кӯмаки молӣ мерасонад ва дар рӯзҳои наздик чопи маҷаллаи бачагонаи «Чи-чӣ гӯяк»-ро пешниҳоди хонандагон гардонид, ки чопи мунтазами он дар назар дошта шудааст...

Дар ҳар маврид, чунин ба назар мерасад, ки ба ёд овардану пос доштани хотираи афроде мисли Мустафо Шарқӣ, ки дар тарбияи маънавии мардуми мо ва дар офаридани адабиёт ва илму фарҳанги муосири тоҷикӣ саҳм гирифта, зиндагиашон шоистаи ибрат аст, барои мо дар шароити истиқлоли давлатии тоҷикон, ки ба эҷоди фарҳангу маънавиёти асили миллӣ аз буда бештар ниёз дорем, қарзи инсонӣ ва аз вазифаҳои хеле муҳим ба шумор меравад.

Абдуҳолиқи Набавӣ,
декабри соли 2005м

пешина
аз 349
навбатӣ