Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

мисли калонсолон рост, ҷиддӣ гап мезад ва рафтор мекард. Вай дина бегоҳирӯзӣ дар худи ана ҳамин ҷо бо Надим аз хусуси касбу кор сухан карда, баъд гуфт, ки «ман ҳам монандӣ Шоиста Нозимова муаллима шудан мехоҳам...», «Ман монандӣ падарам директори завод мешавам», - гуфт Надим дар навбати худ. «Хонандаи бадхон ҳеҷ чиз намешавад, - гуфт дар ҷавоб Сурайё.- падарам гуфтанд, ки дар оянда кори коргари оддӣ ҳам бе маълумоти олӣ душвор мешавад. Ту чӣ? Нахонда маълумоти олӣ мегирӣ? Директор мешавӣ?». Надим аз ин суханони Сурайё ранҷид ва азбаски ягон чиз гуфта, Сурайёро мулзам кардан мехост, падару модарашро ҳамчун одамони соҳибмансаб ва донишманд хуб таърифу тавсиф карду касби падари Сурайёро, ки ангишткан буд, наҳ зад. Лекин Сурайё тан надод.

  • Ҳа, падари ман ангишткан, коргари оддӣ, аммо вакили Шӯрои шаҳр, аъзои ҳукумат... Падари ту чӣ? Фақат фармонфармоӣ мекунанд?

Надим ҷавоби муносиб дода натавонист. Сурайё аз ғолиб баромадани худ қонеъ гардида, бовиқор сарашро баланд бардошт ва писхандомез табассум карда, аз паҳлуи Надим гузашта рафт. Аз афташ, Надим инро аз хотир набароварда буд, ки ҳозир Сурайёро диду бинӣ ва лабони ғафсашро мушсифат ба ҳар мақом ҷунбондан гирифт. Аммо Сурайё ба Надим тамоман аҳамият надод, ки аз ин алами ӯ дучанд афзуд. Ниқор гирифтанӣ шуда, фикр карда-фикр карда, дар ниҳоити кор гуфт:

  • Дина муаллимамон Усмонзода муаллимаи шумо Нозимоваро хуб сарзаниш кард. Нозимова аз ҳиҷолат дар ҳузури ҳамаи муаллимони мактаб сурх шуд.

  • Дурӯғ, дурӯғ! - гуфт Сурайё сухани Надимро бурида.- Ту чӣ хел донистӣ, ки Усмонзода Нозимоваро сарзаниш кардаанд?

  • Аз паси тиреза дидам, онҳо дар хонаи муаллимон буданд, ҳамаи гапҳояшонро шунидам, - ҷавоб дод Надим,

пешина
аз 349
навбатӣ