Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа
РАҲИ АРМОН
(Ба хотираи модарам —
Ҳикматмоҳ Ҷумъаева)
Равонам аз раҳи қишлоқ имрӯз,
Дар он хурду калон бо ман шиносанд.
Ҳама ҳамсояҳо - занҳои деҳа
Маро чун модарам бас менавозанд.
Ҳамеша байни онҳо месурудам
Суруде аз ҷавонмардиву пайкор,
Суруди модарони чашм дар роҳ,
Суруди рӯзи ҳаҷру рӯзи дидор.
Гаҳе нимсеру гоҳе нимгурусна,
Вале дил пур буд аз умеду армон.
Ба cap тоқӣ набуду буд фахрам,
Ки меҷангад падар дар ҷанги Гирмон.
Надидем оташи ҷанги ҷаҳонсӯз,
Вале мо ранҷи модарҳо бидидем,
Зи хирманҷойҳои бодрӯфта
Зимистон донаи гандум бичидем.
Басо барвақт бори ғам кашидем,
Басо барвақт ҷон бар каф ниҳодем.
Ба пои худ равон гаштем барвақт,
Ду чашми сер дар қаҳтӣ кушодем.
Равонам аз раҳи деҳ, модар, имрӯз,
Дар он нақши қудумат ёдгор аст.
Канори роҳ ҳар гул, ки шукуфта,
Чу чашмони ту бар раҳ интизор аст.
Аз ин раҳҳо гузашта бори аввал
Ба саҳро лолачинӣ рафтаи ту,
Ба мактаб рафтаи озоду хушдил,
Сухан аз эътиборат гуфтаӣ ту.
Аз ин раҳ рӯзи озодии занҳо
Ту бечодар гузаштӣ, рӯ кушодӣ.
Дар он даврон набуд ин кор осон,
Ба оташ чун сипанди тар фитодӣ.
Гузаштӣ ту шаби тӯи арусӣ
Аз ин раҳ бо суруди ёр - ёрон.
Ту бори аввалу охир ҳамон шаб
Савора роҳ рафти шоду хандон...
Сипас, модар, ҷигарбандони худро
Фиристодӣ ту бар ҷанг аз ҳамин роҳ.
Ба мисли ҷумла модарҳо шабу рӯз
Ту будӣ чашмчори роҳ ҳар гоҳ.
Падар н - омад, бародар ҳам наомад,
Вале бар мо зафар омад аз ин роҳ.
Аз ин раҳ муждаи фирӯзӣ омад.
Ба ғам пайваста омад бахти дилхоҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё