Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа
Баҳор омад, баҳори бас ғамолуд,
Баҳоре арғувон аз хуни мардон.
Насимаш бӯи дуди хонумонҳо,
Ҳаме боронаш аз ашки ятимон.
...Ҳамин раҳ, ибтидои роҳи ман шуд,
Ба дунё аз ҳамин раҳ, омадам ман,
Аз ин пайроҳаи холиву хомӯш
Сухангӯю дилогаҳ, омадам ман.
Маро ҳам аз ҳамин раҳ, як замоне
Фиристодӣ, ки ҷӯям қисматамро.
Туро чун кӯдакии хеш, модар,
Ҳамин ҷо ёфтам, гум кардам ин ҷо.
...Сари роҳи ту истодам ман имрӯз,
Сари хоки ту биншастам ман имрӯз.
Зи ҳамкорону ҳамдардони бисёр
Туро пурсида бигзаштам ман имрӯз.
Ниҳоле, ки шинондӣ, бор овард,
Дар он ҷӯе, ки кандӣ, об ҷорист.
Чароғи хонаи ту равшан ин ҷо,
Ҳама ҷо нақши дастат ёдгорест.
ПАДАР
(Барои падарам Бобои Мусулмон)
Ман сутуни хонадон будам туро,
Чун дарахте соябон будам туро,
Ман асои фасли пириат будам,
Муттакову пуштибон будам туро.
Дастёрат нест, корат мондааст,
Зӯрӣ дастат рафта, борат мондааст,
Кӯч карда гӯиё мурғон зи боғ,
Лонаҳо дар шохсорат мондааст.
Гаҳ пушаймон гашта гуӣ бо итоб,
К-з хато бар дасти ман додӣ китоб,
Аз хато бар нася додӣ накди худ,
Чашмаат хуштар зи дарёи сароб.
Аз ҳарорат хокро ҳосил бувад,
Аз муҳаббат дил ба дил моил бувад.
Гуфта будӣ з-обу оташ нагзарӣ
Обу тобе ёфтан мушкил бувад.
Мард дар тӯфон шиновар мешавад,
Дил ба дарё дода гавҳар мешавад.
Рав, парешон гарду сомоне биҷӯй,
Қадри кас он гаҳ муқаррар мешавад.
Донаи дар хок пинҳонам ҳанӯз,
Қатраи аз абр ғалтонам ҳанӯз.
Аз рухи ҳар сабза мебинам, ки ҳаст
Сад баҳоре дар дилу ҷонам ҳанӯз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё