Зеҳн
Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

МОДАР

Агар себе канам, аз боғи кас банди дилат меканд,
Фиристодаӣ маро бар боғбон, эй модари дилбанд.
Агар аз шӯхию густохиҳо озурдаме касро,
Гуноҳам то набахшид ӯ, набахшидӣ ту бар фарзанд.

Намесозам ниҳон андешаҳои хоми бебурдам,
Ба модарои ҳамсолони худ гоҳе ҳасад бурдам.
Чаро чун холаам ё аммаам ту нестӣ дилнарм,
Накрада неку бадро фарқ, он гаҳ, ҳукм мекардам.

Ҳанӯз аз дӯши ту ман ногирифта душборатро,
Замони пириат аз дасти ту нагрифта коратро
Ба роҳ афтода рафтам аз паи умеди фардоям,
Ту мондӣ дӯхта бар роҳ чашми интизоратро.

Маро ҳар дафъа бар роҳе гуселонида, эй дилҷӯ,
Зи хар як изтиробат монд як тори сафеди мӯ.
Ба роҳи умр ҳар як саҳв, ҳар як нобарориам,
Аё модар, як оҷинге фузуд андар ҷабини ту.

Нигоҳи ростгӯю ростхоҳи ту маро ёд аст,
Нигоҳе, ки ба умри ман нумӯи ростӣ додаст.
Нигоҳе, ки нахустин раҳбару устоди ман буд он,
Нигоҳе, ки ба чашмонам аз онҳо меҳр афтодааст.

Чӣ созам ман ба ин дунё, ки бошад ёдгори ту?
Чӣ шеъри дилрасе гӯям, ки бошад ифтихори ту?

пешина
аз 44
навбатӣ