Зеҳн
Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ДАР КӮЧАИ НЮ - ЙОРК
(Илҳом аз Луис Симпсон)

Зангие дар кӯчаи шаҳри Ню -Йорк
Мезанад ба таблу мерақсад накӯй.
Пойкубон, дастафшон меравад,
Гӯӣ шодӣ мекунад чун рӯзи тӯй.

Байрақи давлат ба тан чун пираҳан
Меравад афтону хезон дар ватан.
Меравад болову поён байрақе,
Ҷилвагар дар пеши чашми марду зан.

Косае дар даст мерақсад гадо,
Мезанад он косаро дар санги роҳ.
Гушна нон мехоҳад аз ҳар раҳгузар
Беибо аз рӯзғори пурҷуфо.

Ӯ надорад шарм ҳаргиз аз Худо,
Шарм доред, эй шикамсерон, шумо,
Шарм дор, эй рӯзғори беамон,
Шарм дор, эй бемурувват Амрико...

РОЗИ ПАДАР

Чун рӯд роҳи худро мо худ кушода будем,
Бар ҳукми қисмати худ мо тан надода будем.

Бар ташнагон зи дарё обе надод дунё,
Аз чашмаи дили худ дарё кушода будем.

Xopy хасе набуда саде, ки рохи мо буд,
Бар теғхои урён мо по ниҳода будем.

Бар дӯши хеш умре бори замона бурда,
Мо пайравони роҳи кас нофитода будем.

Моро ҳам инчунин буд як умр, як ҷавонӣ,
Бингар, ки мо саропо азму ирода будем.

пешина
аз 44
навбатӣ