Зеҳн
Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

МОЛДОВА

Бо ту доим ҳамнишин гар нестам,
Гул ба дасту май ба соғар нестам,
Бо ту ҳастам ошно аз кӯдакӣ,
Мехмон аз мулки дигар нестам.

Менигаштам дар харита сӯи ту,
Ҷониби ҳар теппаву кӯи ту.
Мефишурдам дасти ту аз дуриҳо,
Меситудам қудрати бозии ту.

Бо ту аз соли чилу панҷ ошно,
Аз хати сегӯшае, к-омад ба мо,
Ҳамчу тӯморе фиристодӣ падар,
Баҳри таскини дили мо - баччаҳо.

Сер дидам ин замон хоки туро,
Аз қаду бар гаштам онро борҳо

Сатҳи ту чун номаи сегӯша аст,
Номае, к-аз қалби аскар шуд чудо.

Дӯст буд он, ки маро хушҳол кард,
Марҳабо гуфту хуш истиқбол кард.
Бо дили пурмеҳр дастамро фишурд,
Синаам аз меҳр моломол кард.

Дар паноҳат шодмон будам чу дӯст,
Рӯзи тӯят гулфишон будам чу дӯст,
Бо ту он сон меҳру ёрӣ доштам,
Хайру хуш гуфтам гарон будам чу дӯст.

Эй диёри босафо, гулпӯш бош,
Чун Днестр, чун Дунай пурҷӯш бош.
Ҳамчу токи реша дар хок авҷ кун,
Бо ватан ҳамдасту ҳамоғуш бош.

пешина
аз 44
навбатӣ