Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа
ҚАЛАМ
Қаламам зӯру иқтидорам шав,
Теғ шав, теғи обдорам шав.
Мисли шамъе бисӯз беармон.
Равшанибахши рӯзғорам шав.
Қадди ман ҳам шавад зи бори умр,
Ростӣ ҷӯю ростагорам шав.
Вақти пирӣ асои дастам бош,
Бемадорам агар, модарам шав.
Гар бимонам ҳақиру бечора,
Дасти ман гиру чорадорам шав.
Дар зафардои пуршукӯҳи халқ Дастаи байрақи диёрам шав.
НА ИНУ НА ОН
На дар ту хазоне, на дар ту баҳоре,
Ба ҷуз тирасурат ба дунё чӣ дорӣ?
На обӣ, на оташ, на бодӣ, на хокӣ,
Ба ҳар чашми бино нишаста ғуборӣ.
Чу шабтоб кирме ту зулматпаноҳӣ,
Чӣ мавҷуди хокӣ, ки гардунвиқорӣ?
Ба нармӣ на лаҳмӣ, на сахтӣ чу сутхон,
На ину на онӣ, маи бехуморӣ.
Чӣ гӯям туро ман, чу лойе дар ин раҳ,
Ба ҳар по нишаста қадам мегузорӣ.
Забон дар даҳон каш зи мардумфиребӣ,
Малахро чӣ даъвӣ ба шоҳиншикорӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё