Зеҳн
Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ШЕЪР

Дар ҳақи ёри сабзаву гулзор
Шеър гуфтан зиёда мушкил нест.
Шеър гӯяд ҳар ошиқе ночор
Шеъри ӯ гарчи з - оташи дил нест.

Шоиранд ошиқони дилогоҳ
Ман ҳам аз ишқ шеър мегуфтам.
Рӯи ёр офтоби оламтоб,
Мижгонаш чу тир мегуфтам.

Баъд шӯҳратталош як дилсард
Дар паи шеър афтухезе кард.
Аввалин бор шеър бинвиштам
Бо ситеза ба қасди он бедард.

Бехабар ман аз он, ки дар олам
Мардуми бехурӯшу беғам ҳам

Гоҳу бегоҳ шеър мебофанд, 3-он матои касод мелофанд.

Бехабар ман аз он, ки инсонро
Аввалин шеъри асл гул будаст.
Бехабар ман аз он, ки дар дунё
Шеъри шоир барои пул будаст...

Сатрҳо бефурӯғу безинҳор,
Маъниҳо обшуставу беранг.
Шеъри дилнописанд шуд бисёр,
Омад аз шеъру шоириам нанг.

Дарди касро даво нашуд ҳаргиз,
Пас чи даркор инчунин ашъор?!
Бе ҳамин сатрҳои лангон низ
Пур шуд олам зи шеъри нодаркор!

пешина
аз 44
навбатӣ