Зеҳн
Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ФИЛИ ПИР

Солҳо ин фили дастомӯзро
Кас надида оҷизу афтодарӯҳ.
Фил не, рӯи сутуни чор по
Устувор афтода буд якпора кӯҳ.

Солҳо дар боғи ҳайвоноти шаҳр
Буд маҳбуби ҳама хурду калон.
Шӯху ширинкору беозор буд,
Шодмон буданд бо вай одамон.

Заъфи пирӣ карда ранҷураш магар
Ӯ дигар аз гӯшае н-ояд бурун.
Ҳуштаку фарёдҳои баччаҳо.
Филро бас беасар бошад кунун.

Аз сари мардӣ ба по истодаӣ,
Фили бозингар, намехобӣ чаро?
Ё худ аз пирӣ ту исён мекунӣ,
Ё ба дил дорӣ ту дигар муддао?

Гуфт фил андар ҷавоби ман ба дард:
Пири ранҷурам, вале дастам ба по Мард дар бистар бимирад, мард нест.
Оҷизу музтар намирам ҳеҷ гоҳ.

ТАРОНАИ ЁВОН

Ман чу саҳро беканорам,
Чун назарҳо беҳудуд.
Чун биёбон безабонам,
Рузу шабҳо дар сукут.
Ман чу саҳро, синаи ман
Хоки бодоварда нест,
Гӯшаи сарбастаеву
Шавқи дар худ мурда нест.
Дил ба рӯи каф чу саҳро
Ман на пастам, не баланд,
Ҳар кӣ ояд рӯи кафи дил
Гӯӣ дастархони ман
Гар бубинӣ дар дили ман
Гӯшаеро дар ғубор
Беумеде, бенавиде,
Бе ҳавои рӯзғор
Ҳар кӣ бошӣ ист як дам,
Дил макан ҳоло марав.
Ин биёбон аз садоқат
Лолазорон мешавад,
Сайргоҳи ошиқону
Кӯи ҷонон мешавад.
Ман чу саҳро гар ту ой,
Ҳамчу оби сарди Вахш
Дашти Ёвони туам, ман,
Бо сафову рӯҳбахш.

пешина
аз 44
навбатӣ