Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа
ШИКВАИ РӮДИ КӮҲӢ
Шоиро, хуш омадӣ меҳмони ман,
Меҳмони мавҷи хушилҳоми ман.
Пештар о, тарсам озорат диҳанд,
Хорҳои соҳили урёни ман.
Лаҳзае биншин, ба оби ман нигар,
Як нафас ба печутоби ман нигар,
Бар ғами мардум ту бепарво наӣ,
Ғамгусорӣ, бар азоби ман нигар.
Чор фасли сол ҷавлон мекунам,
Чӯлу саҳроҳо гулистон мекунам,
Ман мутеи дасти инсонам кунун,
Ҳар чи хоҳад одамӣ, он мекунам.
Лек инҷо ҳоли зори ман бубин,
Дар ду паҳлӯ регзори ман бубин.
Бенасиб аз сабзаву себаргаам,
Ҷои гул хори канори ман бубин.
Обам, аммо оташи сӯзон ба бар,
Дасти мардонро намебинам ба cap.
Сояи барге наафтад бар сарам,
3 - ин сабаб ман белаҷому худсарам.
Ҷаҳд бошад, соҳили ман боғ буд,
Домани ман низ боғу роғ буд.
Ман намерафтам аз ин ҷо чун ғариб,
Аз ҳавои зиндагонӣ бенасиб.
Дар канорам ошиқони беқарор
Роз мегуфтанд бо ҳам шодмон.
Дасту рӯ шуста ба обам марду зан,
Оббозӣ менамуданд кӯдакон.
Ҷаҳ - ҷаҳи мурғон дар ин ҷо, шоиро,
Бо суруди ту танинандоз буд,
Сабзаву гулҳои шабнамшустаам,
Зери поҳои ту пойандоз буд.
Лек он гоҳ, шоиро, аз назди ман
Бо ду - се сатрат намерафтӣ бадар.
Коҳилӣ гар менамудӣ, бесухан,
Буд бо ту гуфтугӯи ман дигар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё