Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа
ТИФЛИ ОФТОБ
Ханҷари барқ абрро аз ҳам дарид,
Сар бурун овард хуршеди баҳор.
Ҳамчу пирони кӯҳистонӣ банур,
Тори ришаш паҳн карда дар канор.
Ман, ки тифли офтобам, ҳар саҳар
Панҷаи хуршед бошад бар сарам.
Хоназоди офтобам дар замин,
Нури он бар cap чу дасти модарам.
Ташнаам ман чашмаи хуршедро,
Ман ба роҳи офтоб истодаам.
Бе шуоям сабзаи пажмурдаам,
Бенигоҳаш соғари бебодаам.
Гаҳ ба мисли мавҷи нури офтоб
Мезанам фавора аз девору дар,
Рӯи саҳроҳо парешон мешавам,
Тори кӯҳҳо медурахшам ҳар саҳар.
Ман фурӯ резам ба қаъри чоҳҳо,
Тангнои тираро равшан кунам,
Ман сукути рудҳоро бишканам,
Бо забони қатраҳо шеван кунам.
Шӯълаи хуршедро бар дашту дар
Ҳалқаи чашмони ман бар мекашанд,
Аз кафи дастони ман фасли баҳор
Лолаҳо бишкуфта соғар мекашанд.
Ғунчаҳо во гашта дар оғӯши ман,
Рангу бӯи гул зи эҷози ман аст.
Аз қудумам даштҳо гул мекунанд,
Ҳусни хок аз сӯзу аз сози ман аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё