Зеҳн
Нидои ишқ

Маҷмуаи «Нидои ишқ», ки ба ифтихори 70- солагии шоир, нависанда, муҳаққиқ, Лауреати ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ Баҳром Фирӯз рӯи чоп омадааст, интихобан аз маҷмуаҳои ашъори шоир буда, хонандаро ба дунёи рангини зиндагӣ ҳавола месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 44 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

КӮҲСОР
Гузашта аз баланду пасти дунё
Ба оғӯши ту оям боз фардо.
Равам аз маҷлису ғавғои бисёр,
Бипечам дар ҷаҳони орзуҳо.

Намегӯям ба зинат беқиёсӣ,
Ту чун модар ба умри ман асосӣ.
Ҷавон рафта, агар ман пир оям,
Маро чун кӯдаки худ мешиносӣ.

Дилам бо орзу пур мекунӣ боз,
Чӣ гум кардам, ту ҳозир мекунӣ боз.
Ду чашмам бор мебардорад аз бахт,
Маро, кӯҳсор, шоир мекунӣ боз.

Ба дӯшам бори армонҳои бисёр,
Умедам чун асо доим нигаҳдор.
Агарчӣ пири барҷомонда бошам,
Ба побӯсит оям боз, кӯҳсор.

Шудам пазмонат, эй фархунда маъвой,
Равам ҳар гоҳ истиқбол бинмой.
Равам дар манзили худ ҳамчу фарзанд,
Чу модар нимишаб дарвоза бикшой.

ҲУЛБӮЙ

Ранг додааст замин ҷумла гиёҳу гулро,
Ранги худро ба ту додааст ҳамин хоки Ватан
Бурдаанд атри заминро ҳама гулҳо бо худ,
Бӯи худ дода ба ту хоки фараҳноки Ватан.

Дур аз ёру диёр атри диловези туро,
Ёфтам дар лаби дарёчаи шӯхоби дигар,
Обаки сарду зулоли деҳа ёдам омад,
Кофтам накҳати гумкардаам аз сабзаи тар.

Обаки кӯҳии мо таъми шифобахши ту дошт,
Сар ниҳад то ки ба пои ту, давон меомад.
Ба машом атри фараҳбахши ту меомад аз он,
Пояю барги туро бӯсазанон меомад.

Дар хумори туям, эй меҳргиёҳи хокам, Дар машомам ҳама дам бӯи фараҳбахши ту буд Дур аз соҳили Варзоб дилам ёди ту кард, Дар назар ҳулбаи хушбӯи лаби ҷӯй намуд...

Дар лаби ҷӯй ба ёди ту нишинам нафасе,
Зи насими ту нафас гираму гӯям ҳар бор!
Бӯи ту, бӯи замин, атри шифобахши ватан,
Бӯи тифливу ҷавониву баҳори кӯҳсор.

пешина
аз 44
навбатӣ