Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз насли Каюмарсу Курӯшиву Ҳушангӣ,
Аз Ҳурмузу Парвизу зи Ҷамшеди музаффар.
Эй Нӯширавон, ҳадяи Эзад ба ҷаҳонӣ,
Обод кунӣ кишвари гардида муҳаққар.
Яздон зи ту шод асту набӣ шоду имомон,
Зеро ки халоиқ зи ту шод аст саросар.
Раънои Мубориз зи раҳи меҳр бигӯяд:
Поянда бимон, шоҳи назаркардаи кишвар!
феврали 2007

НУРИ ВАҲДАТ

Ҷамоат зӯр шуд аз нури ваҳдат,
Балоҳо дур шуд аз нури ваҳдат.
Замона пур шуд аз оҳанги тавҳид,
Садоҳо ҷӯр шуд аз нури ваҳдат.
Тамоми ҳамхудоён бо ҳам омад,
Риёҳо ур шуд аз нури ваҳдат.
Ба кулли аҳриманкории дунё
Фалак мансур шуд аз нури ваҳдат.
Замин шуд сабз аз гармии дидор,
Само пурнур шуд аз нури ваҳдат.
Шабони тор рафта боз аз нав
Саҳар манзур шуд аз нури ваҳдат.
Фидои номи ваҳдат, ай азизон,
Ҷаҳон пурсур шуд аз нури ваҳдат.
майи 2007

ТУ БАЙЪАТ КАРДАӢ БО ҲАҚ
Ту байъат кардаӣ бо Ҳақ, ту, эй дарёвуҷуди ман,
Ту, эй дунёи покиҳо, ту, эй дунёи ҷуди ман.
Фидои ту, фидои ту муборизҳои ҳар давре,
Фидои ту ду чашми осмонии кабуди ман.
Зи ту ирфон биомӯзам, ки ёбам савти ризвонӣ,
Ки то ваҳдоният резад ба кулли тору пуди ман.
Сафобахшӣ, навобахшӣ, фазобахшӣ, ҳавобахшӣ,
Ту, эй маҷмӯи тору чангу ною созу уди ман.
Ба мислат гар дар ин олам нафарҳо бештар мебуд,
Масоҳат беш мегардид бар шеъру суруди ман.
Аҷоиб мавҷ мезад, мавҷ савти сабзи раъноӣ,
Аҷоиб акс меандохт овози дуруди ман.
Биё дар базми раббонӣ, ба шавқу завқи ирфонӣ,
Пазир ин ҳарфи меҳрамро, ту, эй ҳурмузнамуди ман.
Ту байъат кардаӣ бо Ҳақ, ту, эй дарёвуҷуди ман,
Фидои ту, фидои ту ду чашмони кабуди ман!
феврали 2007
ГУЛИ НУР

Шоҳи шоҳону ялонӣ, хуршед,
Ҷомаи камбағалонӣ, хуршед.
Аҳли сидқиву сафоиву сахо,
Аз сафи бебадалонӣ, хуршед.
Банди корӣ ҳама, бе рухсатие,
Ҳамраҳи пурҷадалонӣ, хуршед.

пешина
аз 82
навбатӣ