Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Хонаи ту ба Худо наздик аст.
Хеши доимамалонӣ, хуршед.
Мефиристӣ гули нурам ҳаррӯз,
Маҳви зебоғазалонӣ, хуршед?
Эй чаро ишқ зи дурӣ варзӣ?
Бастаи ҳаммаҳалонӣ, хуршед?
Бо ту пайваст шудан мехоҳам,
З-он ки аз бехалалонӣ, хуршед.
Шоҳи шоҳону ялонӣ, хуршед,
Аз сафи бебадалонӣ, хуршед.
марти 2009

НАСИҲАТИ НАВ

Лаб аз фасона тиҳӣ созу рӯ ба саҳро кун,
Бас аст суфтану гуфтан, баро, тамошо кун.
Чиҳил баҳор гузашту чиҳил зимистон рафт,
Биё, давоми чиҳил солро гуворо кун.
Бирав ба «Хаймаи Хайём» зиндагӣ ин аст,
Намозу рӯза бимону тавофи мино кун.
Кӣ аҳсанат бифиристад, ки ин қадар гуфтӣ?
Биё, бимон ҳама гуфтору сайди дилҳо кун.
Чу каҷраве ҳама бологузар шуду раҳбар,
Ту покбоз намон, хатту хол барпо кун.
Надидаӣ, ки касе гуфт лоақал боре,
Ки рӯ ба сӯи ғазалҳои сабзи Раъно кун.
Бигард аз раҳи эҷод, к-охираш дур аст,
Раҳи навини қарибе ба хеш пайдо кун.
Бас аст гуфтани ҳеҷат, бас аст, эй духтар,
Лаб аз фасона бибанду ба гуфтаи мо кун!
июли 2006
МОДАР

пешина
аз 82
навбатӣ