Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мулки хуршедии ман, кишвари гулпираҳанам.
Бишкуфӣ ҳар нафасе тозаву сабз андар сабз,
Бишкуфад васфи ту оҳанги нафису суханам.

Шодрӯзони накӯи ту фаровон бодо,
Чор фаслат ҳама гулбезу гулафшон бодо.
Сабзу обод Душанбеву Бадахшону Ҳисор,
Суғду Хатлону ҳама водии Раштон бодо.

Рӯзи имрӯзи саиди ту муборак бошад,
Субҳи саршори навиди ту муборак бошад.
Хуш шукуфон шудаӣ, бош шукуфон доим,
Эй Ватан, шодиву иди ту муборак бошад!
июли 2002

ПОЯНДА БИМОН!
(Эҳдо ба Президенти мамлакат Эмомалӣ
Раҳмон)

Раҳмон сифати поки Худованди карим аст,
Эмом имом асту Алӣ ёри Паямбар.
Эй подшаҳи кишвари хуршедии тоҷик,
Ин гуна туро номи накӯ гашта муяссар.
Оре, ки чунин ному насаб фоли накӯест,
Яъне ки худододаиву аз ҳама бартар.
Ҳурмузднамудиву саропо ҳама ҷудӣ,
Нуронии бо чеҳраи хуштарҳи мунаввар.
Дунё зи накӯсуратиат монда ба ҳайрат,
Сомонии хушпайкариву фарди хирадгар.
Хушҳарфтарӣ аз ҳама ёрони сухангӯй,
Мағлуб шавад пеши ту ҳар марди суханвар.

пешина
аз 82
навбатӣ