Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Сомонии пуршаъну шон, рӯзи хушат фархунда бод.
Насли Каюмарсу Курӯш, эй аз нажоди Дориюш,
Эй Ардашери Бобакон, рӯзи хушат фархунда бод.
Эй Хусрави Парвизи ман, эй Рустами рӯинатан,
Эй Ҳурмузу Нӯширавон, рӯзи хушат фархунда бод.
Эй чашми бози Рӯдакӣ, эй чангу сози Рӯдакӣ,
Эй чун Бухоро роздон, рӯзи хушат фархунда бод.
Бо «Маснавии маънавӣ» олам ба олам мезанӣ,
Эй орифи шаҳномахон, рӯзи хушат фархунда бод.
Қонуни Синоям туӣ, имрӯзу фардоям туӣ,
Эй хаста аз ину аз он, рӯзи хушат фархунда бод.
Чун Носири Хусрав биё, аз нав биё, аз нав биё,
Эй Айние аз Ғиждувон, рӯзи хушат фархунда бод.
Сарсабз шуд иқболи мо, сарсабз истиқлоли мо,
Эй ҳамдилу ҳамормон, рӯзи хушат фархунда бод.
Дар рӯзи нав, эй меҳрубон, Раъно ба лаҳни булбулон
Бо меҳр гӯяд ҷони ҷон, рӯзи хушат фархунда бод!
июли 2007

ТОҶИКИСТОН, ВАТАНАМ

Тоҷикистон, Ватанам, боғу баҳору чаманам,

пешина
аз 82
навбатӣ